Машварати ҳуқуқӣ барои журналистони рӯзномаи «Бешкент»

17 сентябр намояндагони Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) дар шаҳри Қӯрғонтеппа  ба хотири ҳамкориҳои судманд бо кормандони эҷодии ҳафтаномаи «Бешкент»-и ноҳияи Носири Хусрав мулоқот анҷом додаанд.

Дар мулоқот кормандони эҷодии ҳафтанома ба ҳуқуқшиноси АМВАОМТ  Раҳмоналӣ Давлатов дар мавриди дарёфти иттилоот аз ҳукумати маҳаллӣ ва навишти дархостҳо барои пайдо намудани иттилоот суҳбат карданд.

Рустами Сафар, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Бешкент»  зимни сӯҳбат арз намуд, ки мулоқот барои фаъолияти коркунони идораи рӯзнома манфиатнок аст ва хуб мешуд, ки дар идораи ҳафтанома чунин мулоқотҳо бо мутахассисони АМВАОМТ дар мавзӯъҳои дигар низ баргузор шавад.

АМВАОМТ тасмим дорад бо масъулин ва кормандони эҷодии хафтаномаҳои ноҳияи Шаҳритус ва Қубодиён дар мавриди дастрасӣ ба иттилоот сӯҳбат доир намуда, ба шиносоӣ ва татбиқи  қонунҳои танзимкунандаи фаъолияти ВАО ба журналистони минтақа мусоидат намояд.

Хабарнигори мониторинги АМВАОМТ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *