Вохўрии намояндагони Анҷумани миллии ВАО мутақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) дар шаҳри Қурғонтеппа бо донишҷӯёни шуъбаи рӯзноманигори Донишгоҳи давлатии шаҳри Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав рӯзи 21 май барпо гашт.
Дар вохўрӣ беш аз 20 нафар донишҷӯёни бахши аввали шуъбаи рӯзноманигорӣ ва устодони ин факулта ширкат варзида, бештар дар мавриди кори хабарнигорӣ, қонуни матбуот суҳбатҳо карданд.
Донишҷӯён дар ин вохӯрӣ дар мавриди истифодаи лаҳҷаи мардуми минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон дар матубот ва то куҷо дуруст будани он суолњо доданд ва аз ҳуқуқшинос посух гирифтанд.
Ба кафедраи рӯзноманигории донишгоҳ китобҳо, варақаҳои иттилоотӣ барои истифодаи донишҷӯён ҳадя карда шуд.
Хабарнигори АМВАОМТ