Имрӯз 9 феврал баъд аз нашри аввалин шумораи ҳафтаномаи раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон “Ҳамқадам” намояндагони АМВАОМТ дар вилояти Хатлон дар мавриди шароити корӣ ва фаъолияти ин ҳафтаномаи навтаъсис суҳбатҳо анҷом додаанд.
Раҳмоналиӣ Давлатов, ҳуқушиноси АМВАОМТ дар Хатлон бо ҳайати эҷодии ҳафтанома, ки дар мавриди рӯзгори ҷавонон, иштироки онҳо аз мусобиқаҳои гуногун бахусус варзишӣ ва фаъолҷавонон хабару гузориш таҳия мекунад дар бораи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъбу нашр, реклама дар матбуот озодии баён суҳбатҳо анҷом додаанд.
Ин ҳафтанома бо кумак ва дастгирии раёсати ҷавонон шумораи аввалинаш аз чоп баромад, ки аксарияти кормандонаш ҷавонон мебошанд.
Хадамоти мониторинги АМВАОМТ