[b]Ширкатҳои фароҳамгари интернет дар Тоҷикистон дастрасӣ ба сойти “news.tj”, мутаъаллиқ ба хабаргузории “ASIA-Plus”-ро, дубора фароҳам кардаанд.[/b]
Ин сойт, ки беш аз ду ҳафта боз масдуд буд, аз субҳи рӯзи ҷумъаи 24 август қобили дастрасист.
Гуфта мешавад дастури лағви масдудияти ин сойт дар пайи музокироте миёни масъулони ин расона ва Идораи иртибототи Тоҷикистон ҳосил шудааст.
Дастрасӣ ба сойти хабаргузории “ASIA-Plus” дар тӯли як моҳи ахир се маротиба масдуд шуда ва дафъаи охир ин мушкил беш аз ду ҳафта боз идома дошт. Масъулони ин хабаргузорӣ бурузи ин мушкилро ба бозтоби ҳаводиси шаҳри Хоруғ марбут донистаанд.
Қаблан гузориш шуда буд, ки масъулони хабаргузории “ASIA-Plus” қасд доранд Идораи иртибототи Тоҷикистонро барои ба таври ғайриқонунӣ масдуд кардани ин сойти интернетӣ ба додгоҳ кашанд. Зеро тибқи қавонини Тоҷикистон, масдуд шудани дастрасӣ ба сойтҳои интернетӣ танҳо бо ҳукми додгоҳ имконпазир аст.
Дар моҳи майи соли ҷорӣ бо судури ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон дастрасӣ ба сойтҳои марбут ба “Ҷамоъати Ансоруллоҳ”, гурӯҳи мамнӯъи ифротгаро дар ин кишвар, масдуд шуд.
Вале мушоҳидаҳо ҳокист, ки ин ҳукми додгоҳ то ҳол аз сӯйи Идораи иртибототи Тоҷикистон ба таври комил иҷро нашудааст. Аз ҷумла дастрасӣ ба бархе аз сойтҳои марбут ба гурӯҳҳои ифротгаро дар Тоҷикистон, монанди «иршод.нет» имконпазир аст.
Аммо гуфта мешавад, ки маъмулан бо дастури шифоҳии мақомҳои Идораи иртибототи Тоҷикистон дастрасӣ ба сойтҳое, ки дар онҳо матолиби интиқодӣ алайҳи давлат мунташир мешаванд, базудӣ масдуд мешаванд.
Парвина Ибодова, раиси Анҷумани ширкатҳои фароҳамгари интернет дар Тоҷикистон, мегӯяд, ки масдудсозии сойтҳо дар кишвар ба як амри маъмулӣ табдил шудааст ва ҷомеъаи маданӣ бояд нисбат ба ин иқдом “вокуниши мушобеҳе” нишон бидиҳад.
Вай афзуд: “Ман ҳоло ҳатто наметавонам боз шудани сойти “ASIA-Plus”-ро тавзеҳ бидиҳам. Зеро баъд аз ду рӯзи дигар имкон дорад, ки дастрасӣ ба ин манбаъи хабарӣ дубора масдуд шавад.»
«Расонаҳо ва ҷомеъаи маданӣ бояд дар чорчӯби қонун алайҳи чунин дастурҳо садо баланд кунанд. Аз ҷумла, бояд мубтакирони чунин фармонҳо ба додгоҳ кашида шаванд. Танҳо аз ин роҳ мо метавонем аз қонуншиканӣ дар ин замина ҷилавгирӣ кунем.”
Дар ҳамин ҳол, дастрасӣ ба бархе аз сойтҳои дигари хабарӣ, ки дар пайи ҳаводиси шаҳри Хоруғ масдуд шуда буданд, ҳамчунон масдуд аст.
Аз ҷумла, алоқамандони сойти Ютюб, ки дар он видиюҳое аз ҳаводиси Хоруғ мунташир шуданд, наметавонанд ин видиюҳоро тамошо кунанд. Ҳарчанд ин сойт боз мешавад, вале тамошои видиюҳо ғайримумкин аст.
Соҳибназарон мегӯянд, ки Идораи иртибототи Тоҷикистон аз фанновариҳои ҷадид барои маҳдудсозии дастрасӣ ба бархе аз сойтҳои интернетӣ истифода мекунад.
Дар ҳамин ҳол, бархе манобеъ мегӯянд, ки Идораи иртиботот ҳудуди дувист сойти интернетиро масдуд карда ё дар садади масдуд кардани онҳост, ҳарчанд ин хабар расман таъйид нашудааст.
Парвина Ибодова мегӯяд, ки ин хабарро шунида, вале наметавонад таъйид кунад, зеро дар Тоҷикистон “маъмулан чунин дастурҳо шифоҳӣ ё тавассути смс (паёмак) ироа мешавад.”
Вай афзуд: “Агар чунин феҳрасте таҳия шуда бошад ҳам, ин амр барои мо ғайримунтазира нест. Мақомоти Тоҷикистон ин таҷрибаро аз ҷамоҳири дигари собиқ Шӯравӣ, назири Русия, меомӯзанд. Дар Русия низ чунин феҳрасте таҳия шудааст.”
Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/08/120824_if_internet_asia_plus.shtml