Масдудияти шабакаи “Однокласникӣ” дар Тоҷикистон

Фароҳамгарони интернет дар Тоҷикистон дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоъии русии “Однокласникӣ”-ро масдуд кардаанд. Шумори зиёде аз корбарони интернет аз масдуд шудани ин шабакаи иҷтимоъӣ ибрози нигаронӣ мекунанд. Он гуна, ки бархе аз корбарон мегӯянд, дастрасӣ ба ин шабака аз субҳи 19 июл масдуд шудааст.

Ба гуфтаи онҳо, дастрасӣ аз тариқи фароҳамгароне чун “Телекум Текнулуҷӣ”, “Сотурн Онлойн”, “Tcell”. “Вовилон Т” ва “Мегофун Тоҷикистон” ҳамакнун масдуд аст.

“Однокласникӣ» як шабакаи иҷтимоъии русиест, ки корбари зиёде дар миёни ҷавонон дар Тоҷикистон дорад ва барои нахустин бор аз соли гузашта нусхаи форсии тоҷикии ин шабака роҳандозӣ шуд.

Асомиддин Атоев, раиси Анҷумани фароҳамгарони интернет дар Тоҷикистон, ба хабаргузории Осиё-Плос гуфта, ки аз масдуд шудани шабакаи иҷтимоъии “Однокласникӣ” хабар надорад ва ба далели рӯзи таътил будан имрӯз наметавониад ин хабарро такзиб ва ё таъйид кунад.

Даҳ рӯз қабл дастрасӣ ба шабакаи “Youtube” низ дар Тоҷикистон масдуд шуда буд. Бисёре Идораи иртибототи Тоҷикистонро ба додани дастур дар бораи масдуд кардани ин шабакаҳо ба фароҳамгарон муттаҳам мекунанд, аммо ин ниҳоди давлатӣ ин иддиъоро рад мекунад.

http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2014/07/140719_zm_blocked_odnoklassniki.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *