МАСДУДИЯТИ 13 ТОРНАМОИ ҶОНИБДОРИ «ЕВРОМАЙДОН» ДАР РУСИЯ

Роскомнадзор дастрасӣ ба 13 сомонаи интернетӣ, аз ҷумла шабакаи иҷтимоии «Вконтакте»-ро дар Русия масдуд кард.

Ин ниҳод шабакаҳои интернетиии мазкурро ба пахши тундгароёнаи иттилоъ муттаҳам карда гуфтааст дар барканории Виктор Янукович, президенти Украина нақш доштаанд.

Бино ба изҳороти расмии Роскомнадзор дастури масдуд кардани дастрасӣ ба ин сомонаҳо аз Прокурори генералӣ ба онҳо расидааст.

Дар ин мактуб гуфта мешавад, ки дар ин расонаҳо фаъолияти гурӯҳҳои милларгаро, террористӣ ва тазоҳурот барои зӯран сарнагун кардани ҳукумати Украина таблиғ шудааст.

http://www.tojnews.tj/masdud-shudani-13-tornamoi-jonibdor-az-maydon-dar-rusia

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *