Марям Давлатова: «Занро ВАО ҷинояткор кардааст»

Инъикоси ҳаёти бонувон дар васоити ахбори омма имрўз ба масъалаи доғ табдил шудааст. Дар баробари мардон, ки ҳамеша мақоми соҳибназариро дар матбуот доранд, баръакс бонувон ҳангоми содир шудани ин ё он ҷиноят ҳамчун бону муаррифӣ мешаванд, аз ҳаёти шахсии бонувони сароянда қиссабофиҳо нашр мегардад ва ҳоказо. Чаро ВАО ҷойгоҳи занро маҳдуд медонанд? Ин аввалин суол аз Марям Давлатова, коршиноси масоили гендерӣ аст, ки ба тозагӣ инъикоси занон дар ВАО — ро гузориш карда буд:

—  Мушкили ВАО-и тоҷик он аст, ки хеле сахт дар доираи қолабҳои куҳнашудаи гендерӣ  дармондааст ва ҳардуи ин ҷанбаҳоро ба тарзи худ  нодида мегирад. Мафкураи мардсолории кормандони ВАО (сарфи назар аз ҷинси муаллифони матолиб), ки дар айни замон дар навиштаҳояшон зуҳур мекунад, ҳамзамон ба афкори ҷомеа, тақвияту вусъати ин қолабҳо мусоидат менамояд.

— Дар гузориш зикр кардед, ки аз зан ҳамчун қотил, нашъаҷаллоб, фоҳиша ва ҷинояткори аршад дар ВАО бештар истифода мекунанд, ҳатто модар.  Аммо вақте мардонро бо ин ҷурмҳо ва вазнинтар аз инҳо боздошт мекунанд, ҳеҷ гоҳ дар ВАО ҳамчун падар ё мард истифода намешавад…

— Воқеан чунин аст. Дар мафкураи мо зан пеш ҳама на чун инсон, балки мақоми иҷтимоии он, яъне модар буданаш, дар назар аст. Дар мавриди мардон ин мақом қариб комилан истисно мегардад. Ин як тарафи масъала аст. Вале дар мавриди ВАО таҳқиқот нишон дод, ки агар танҳо аз сад даҳ фисади матолиб гоҳ мустақиму гоҳ зимнан ба рўзгори занон алоқаманд бошанд, 70 фоизи ин матолибро ахбори ҷиноӣ ба ҷиноятҳо аз ҷониби занон ва нисбати занон ташкил медиҳанд. Ин хеле нишондиҳандаи изтиробовар аст.

— Номувофиқии гендерӣ на танҳо дар ВАО, балки дар вазифаҳои давлатӣ ҳам аст. Масалан, дар порлумон бояд аз 11 вакили зан зиёд набошад…

— Дар вазифаҳои давлатиро ишғол кардани занон монеаи қонуние вуҷуд надорад. Дар порлумони мо шумораи занон нисбат ба бисёр кишварҳои дигар, аз ҷумла ҳамсояҳо зиёд аст. Ин ҷо чун дар мавриди мардон, мушкил ҳадди салоҳиятнокии кадрҳост. На ҳамеша онҳое, ки вазифаҳои масъулро ишғол мекунанд, ба ҳадди даркорӣ илми роҳбариро медонанд, таҷрибаи кофӣ доранд, аз доираи манфиатҳои маҳал, баъзан ҳатто авлод дуртарро дида метавонанд. Ин  қадами дигари ҷомеаи мост, ки бояд гузошта шавад. Ба андешаи ман ҷомеаи мо дар давраи гузариши печидаву шадиде қарор дорад, мафкураи ҷамъиятии мо ҳанўз дар ҳадди феодалӣ боқӣ мемонад. Аз ин ҷост, ки аксаран мардум муттакоро дар доираи авлод ва маҳал меҷўянд ва дастгириро ҳам дар ҳамин сатҳ осонтар дода метавонанд. Инсони дорои  чунин мафкура аз бегонагон метарсад,  дар атрофи худ одамони ба худ ошноро  ҷамъ меорад ва табиист, ки дар чунин ҳолат касбият мавқеи арзандае надорад.

— Бонувони фаъол дар илму кор зиёд дорем, аммо садо ва чеҳраи онҳо дар ВАО ва ҷомеа нокушода аст. Чаро фазо маҳкам аст ё тарс..?

— Ин ба андешаи ман мавқеи ғайригендерии ВАО, мушаххасан кормандони он аст. Вале танҳо ин сохторро гунаҳгор кардан аз руйи адолат нест.  Дар ин соҳа дигар бахшҳои ҷомеа, хосса ташкилотҳои масъул низ саҳлангориҳо доранд. Аввалан, ба масъалаи омўзиши гендерии лашкари ваочиён диққати кофӣ дода намешавад. Баъдан Кумитаи кор бо занон ва оила  низ дар масъалаи ҳамкорӣ бо ВАО ба қадри бояду шояд фаъол нест. Албатта, худи имконияти ин Кумита ҳам хеле беҳбудӣ мехоҳад, чӣ аз ҷиҳати шумораи кормандон ва чӣ аз дараҷаи касбияти онҳо.

— Омили дигар ҳам аст, ки мо — бонувон мардонро аз худ боқудраттар медонем ва ҳамеша мехоҳем, ки бо ишораи онҳо пой монем. Оё ин зеҳнҳои шахшудаи суннатии мо нест?

— Бонуи соҳибмаърифат касеро аз худ боло ё поён намедонад. Вале на ҳамаи мо донишҳои  заруриро дар мавриди муносибати байни занону мардон моликем ва воқеан аксаран шакли содда, вале ғалати ин муносибатҳо, яъне бартарии як ҷинсро бар дигаре  қабул дорем ва гузашта аз он мафҳумҳои эҳтирому муҳаббат, риояи анъанаҳои милливу суннатиро бо қолабҳои куҳнашуда меомезем. Барои ҳалли ин масъала, маърифати гендерии оммаро бардоштан ҳам боз ҳам хизмати ВАО бузург аст.  Дар ин маврид тарғиби таҳсилоти духтарон, афзоиши маърифатнокии онҳо ва на танҳо занон, балки оммаи мардум дар мавзуъҳои бунёди муносибатҳои инсонии байни ҷинсҳо хеле муҳим аст.

— Бори ҷамъиятро аз оила то мактаб ва иҷтимоъ бонувон мекашанд, аммо дар соҳоти муҳимтар, назири вазирӣ, вакилӣ, раисии кумитаҳо ва роҳбарӣ талош намекунанд. Чаро?

— Боз ҳам рў меоварем ба илми гендершиносӣ. Он ҷо истилоҳе ҳаст, бо номи шифти шишагин. Ин маънои онро дорад, ки ба бонувон дар ишғоли вазифаҳо ҷомеа (на танҳо ҷомеаи тоҷикони мо) то ҳадди муайяне имкон дода мешавад ва баъд аз он монеаҳои ҷиддӣ бунёд мегарданд. Яъне ҷомеаи мардсолор занонро ба ҳадди қабули қарор дар масоили умда роҳ додан намехоҳад. Ва мо ҳам аз ин раванд берун нестем. Ин раванд ду тараф дорад: аз як ҷониб барои ишғоли вазифаҳои боло монеаҳои асливу  сунъӣ эҷод карда мешаванд,  аз тарафи дигар на ҳамаи занон ба қабули шарти бозиҳои мардона қодиранд. Қишри болоии қудрат ва ҳукумат шарти вазнинтари бозиро дорад ва воқеан на ҳар зан  бо он тарз кор карда метавонад ва мехоҳад. Табиати занон ва тарбияи суннатии онон нисбат ба мардон хеле фарқ дорад. Вале кишварҳое ҳастанд, ки ин саддҳоро паси сар кардаанд ва таҷрибаи онҳо нишон медиҳад, ки иштироки фаъолонаи занон дар сатҳҳои болоии ҳокимият барои рушди ҷомеа хеле муассир аст.

— Дар Тоҷикистон зарфи 23 соли истиқлолият ва қабули санадҳои мартабаи занон ду бонуро вазир монданд ва бо пайдо шудани дуздии маблағҳои буҷет дар вазоратҳо борро болои «бонуи вазир» бор карданд ва бо ҳамин онҳоро барканор. Аммо дар вазоратхонаҳое, ки мардон вазиранд, садҳо сирқати маблағҳои буҷет ошкор мешаванд ва амалҳои дигари ғайриқонунӣ ҳам, аммо вазирро ба мард будан нисбат намедиҳанд ва барканор намешаванд, чаро?

— Сабаби инро ҳам дар ҳамон қолабҳои гендерӣ ҷўстан лозим аст. Воқеан ҷомеа нисбати занон  дар қиёс бо мардон ҳамеша сахтгиртар аст ва шумо дуруст мегуед, ки ҳангоми нокомии зан, ҳатман ба ҷинс истинод карда мешаваду ҳангоми нокомии мард муносибат меҳрубононатар аст. Ҷомеа омода аст, ба мардон ҳамеша гузашт намояд. Ин гапи  нав нест. Ба хотир биёварем «Шоҳнома» -и Фирдавсиро. Ҳангоми хиёнатҳои шоҳон ҳамеша шикоят аз рўзгору фалак аст, вале дар мавриди хиёнати Судоба Ҳакими бузург инро бо ҷинси ў мепайвандад ва тамоми занонро сарзаниш менамояд:

Зану аждаҳо ҳарду дар хок беҳ,

Ҷаҳон пок аз ин ҳарду нопок беҳ.

Вале рисолати замони мо раҳидан аз ин қолабҳои куҳнашуда аст. Мо дигар дар асри 21 зиндагӣ дорем ва бояд ба масъалаҳо воқеъбинона, бо такя бо хулосаҳои тадқиқотҳои навин ва бо назардошти талаботу манфиатҳои имрўзаи ҷомеа муносибат дошта бошем. Албатта, барои дигар кардани ҳамаи ин қолабҳои зеҳнӣ кор ва фурсат лозим аст.

—  Фикр мекунам,  ки мо бонувон дар чанд соли охир пешрафти ҷамъиятиеро, ки доштем, аз даст додем…

— Ман ба ин фикр розӣ нестам. Албатта, ҳолатҳое ҳастанд, ки ман ҳам чунин гумон мекунам, зеро аксаран дар атрофи худ ҷавононро камтар мебинам. Афзоиши духтарони аз таҳсил дурмонда, ҷавонзанони соҳибмаълумоте, ки зуран хонашин карда мешаванд, баъзан ҳисси ноумедиро ҳам бедор мекунад. Вале аз тарафи дигар дар ҳамаи сатҳҳо мо шумораи зиёди занонро мебинем, ки дар доираи имкониятҳои худ фаъолият доранд. Ғайр аз ин замони мо ҷанбаи дигаре ҳам дорад. Ин сиёсати мушаххаси  гендерии кишвар, ки дар қабули санадҳои муътабари миллӣ зоҳир мешавад, ҷаҳонишавӣ, дастрасӣ  ба Интернет ва захираҳои бепоёни илмиву маърифатии он, сиёсати дарҳои бози ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки барои ҷавонон имкониятҳои зиёди рушди маънавиву зеҳниро муҳайё кардааст. Фақат аз ин имкониятҳо самаранок истифода кардан ва онро ҳамаҷониба барои рушди занону духтарон сафарбар кардан лозим аст.

http://www.tojnews.org/tj/news/maryam-davlatova-zanro-vao-chinoyatkor-kardaast

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *