[b]Бо гузашти панҷ рӯз аз боздошти Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ дар шимоли Тоҷикистон, мақомот ҳануз ҳам иҷозаи дидори ӯ бо вакили мудофеъашро надодаанд.[/b]
Ин дар ҳолест, ки аҳли хонавода ва ҳамкорони ӯ мегӯянд, ки аз вазъи саломатияш ва эҳтимоли шиканҷаи ӯ тавссути маъмурон нигаронанд, зеро ӯ аз бемории қанд ва фишори болои хун ранҷ мебарад.
Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқдони маъруф ва вакили мудофеъи Урунбой Усмонов, дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки рӯзи ҷумъаи 17 июн тамоми рӯзро дар беруни идораи маҳаллии амният дар вилояти Суғд сипарӣ карда, вале муваффақ ба дидори муваккилаш ва бозраси парвандаи ӯ нашудааст.
Вай гуфт: «То бегоҳ дар беруни дари идори амният дар назди сарбозоне, ки биноро посбонӣ мекунанд, нишастам. Онҳо ба ман иҷозаи вуруд надоданд ва пайваста мегуфтанд, ки Саймудин Саидов, бозраси парванда барои анҷоми коре ба ноҳияи Мастчоҳ рафтааст.»
[b]»Бозрас дар Мастчоҳ аст»[/b]
Қарор буд хонуми Воҳидова субҳи рӯзи ҷумъа дар соъати 10 ба вақти маҳаллӣ бо бозраси парвандаи Урунбой Усмонов ва муваккили худ мулоқот кунад, вале бозрас Саймудин Саидов ба таври машкуке ба ваъдаи худ вафо накарда ва тамоми рӯз дар дастрас набудааст.
Файзинисо Воҳидова дар ин бора мегӯяд: «Дар ниҳоят, тоқатам тоқ шуд ва ба мақомоти амниятӣ ҳушдор додам, ки дар ин бора ба додситонии вилоят шикоят хоҳам бурд, зеро ин ҳам як навъ помол кардани ҳуқуқи башар аст. Танҳо баъд аз ин иқдом, худи оқои Саймудинов ба ман занг зад ва гуфт, ки дар ноҳияи Мастчоҳ асту нимашаб дер ба Хуҷанд бармегардад.»
Вай афзуд: «Аз бозраси парвандаи Урунбой Усмонов хостам, ки пас рӯзи шанбе бо ман мулоқот кунад, вале ӯ гуфт, ки фардо агарчи бекор аст, аммо касе маро, ки одами бегона маҳсуб мешавам, иҷозаи вуруд ба сохтмони идораи амният нахоҳад дод. Аз ин рӯ, қарор шуд, ки рӯзи душанбеи оянда мулоқот кунем.»
Ба ин тартиб, ҳарчанд то рӯзи душанбе аз боздошти оқои Усмонов як ҳафта сипарӣ хоҳад шуд, вале ӯ дар ин муддат аз ҳаққи дидор бо вакили мудофеъаш маҳрум хоҳад монд.
Ин дар ҳолест, ки бар асоси эъломияи ҳуқуқи башар, ки Тоҷикистон низ онро имзо кардааст, ҳар инсоне аз лаҳзаи боздошт бояд аз ҳаққи тамос бо вакили мудофеъ ва аз хадамоти ӯ бархурдор бошад.
Маҳрумияти Урунбой Усмонов аз ҳаққи дидор бо вакили мудофеъаш дар панҷ рӯзи гузашта дар ҳолест, ки пайвандон ва ҳамкорони ӯ аз вазъи саломатии ӯ башиддат нигаронанд.
Оқои Усмонов, ки тақрибан 60 сол син дорад, аз бемории қанд ва фишори болои хун ранҷ мебарад.
Афзун бар ин, пайвандони ин хабарнигори маҳаллии Би-би-сӣ мегӯянд рӯзи сешанбе, ки маъмурони амниятӣ хонаи ӯро бозрасӣ ва такурӯ мекарданд, осоре аз шиканҷа дар сурати ӯ зоҳир буд.
Худи Урунбой Усмонов ҳангоме ки маъмурони давлатӣ ӯро бо худ мебурданд, гуфтааст: «Агар ончи шаби гузашта бо ман карданд, такрор шавад, шояд дер напоям. Алвидоъ, дар ҳаққи ман розӣ шавед.»
Дар ҳамин ҳол, аъзои хонаводаи ин хабарнигори Би-би-сӣ низ аз бархӯрди ношоистаи мақомот бо худ шикоят карданд. Бегоҳи рӯзи ҷумъа ҳамсар ва писари оқои Усмонов барои ӯ ғизо бурдаанд ва бозрасро дидаанд.
Малоҳат Абдуазимова, ҳамсари оқои Усмонов, мегӯяд: «Ман вақте муфаттишро дидам, хурсанд шудам ва банармӣ пурсидам, ки оё метавонам ҳамсарамро бубинам. Аммо вай гуфт, ки вақт надорад. Ман пурсидам, ки чаро, охир ваъда карда будед, ку? Ман мехоҳам ҳамсарамро бинам, ки ғизо мехӯрад ё на, зинда аст ё мурда. Ӯ гуфт, ки «э каллама гаранг накун, ман ҳам калон дорам, ин ба ман вобаста нест.»
Сипас хонуми Абдуазимова исрори бештаре кардааст, то ҳамсарашро бубинад, вале: «Бозрас гуфт, ки КГБ-ро таҳдид кардосӣ-мӣ? Рав! Баъд Файзинисоро даъват карду гуфт, ки ин зан бо ман ҷанҷол карда истодааст, ҳозир калон берун ояд, дар бораи худаш ҳам протокол карда, дело кушода мешинонам.»
[b]Сукути мақомоти Тоҷикистон[/b]
Зимнан, чанде аз созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи хабарнигорон ва сафоратхонаҳои ғарбӣ дар Душанбе боздошт ва шиканҷаи эҳтимолии оқои Усмонов аз сӯйи маъмурони интизомию амниятии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро башиддат маҳкум кардаанд.
Сервиси ҷаҳонии Би-би-сӣ рӯзи чаҳоршанбе дар баёнияе аз давлати Тоҷикистон хост, ки хабарнигори боздоштшудаи бахши Осиёи Миёнаи ин бунгоҳи иттилоърасониро фавран озод кунад.
[b]Баёнияҳои Би-би-сӣ ва сафорати Бритониё[/b]
Мақомоти Тоҷикистон Урунбой Усмоновро ба доштани иртибот бо Ҳизби Таҳрир, як гурӯҳи исломгаро, ки фаъолияташ дар ин кишвар мамнӯъ аст, муттаҳам кардаанд, вале Би-би-сӣ ва аҳли хонаводаи ӯ ин иттиҳомотро рад мекунанд.
Би-би-сӣ дар баёнияи худ таъкид кардааст, ки оқои Усмонов бо тақозои ин бунгоҳи хабарӣ дар бораи фаъолияти Ҳизби Таҳрир ва муҳокимаҳои додгоҳии афроди муттаҳам ба узвияти он гузориш мекард ва ҳеч далеле барои эътимод ба иддаъоҳои мақомоти тоҷик дар ин замина мавҷуд нест.
Сафоратхонаҳои Бритониёву Омрико ва созмонҳои байналмилалие, назири Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Урупо боздошти хабарнигори Би-би-сӣ дар вилояти Суғдро маҳкум карда ва хостори озодии фаврии ӯ шудаанд.
[b]Баёнияи сафири Омрико дар Youtube[/b]
[b]Баёнияи намояндаи САҲУ[/b]
[b]Баёнияи Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон[/b]
Вале то кунун, мақомоти Тоҷикистон ҳеч вокунише ба ин баёнияҳо накардаанд. Манобеъи дафтари раёсати ҷумҳурии ин кишвар аз ибрози назар дар ин бора худдорӣ карданд.
Ба гуфтаи Давлат Назрӣ, сухангӯйи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, ин вазоратхона аз мақомоти умури дохилӣ ва амнияти ин кишвар хостори тавзеҳ дар бораи сабабҳои боздошти Урунбой Усмонов шуда, вале то кунун ҳеч посухе аз онон дарёфт накардааст.
Вай мегӯяд, ки вазорати хориҷа танҳо пас аз ошноӣ бо ҷузъиёти боздошти оқои Усмонов ба нигаронии созмонҳои байналмилалии мудофеъи озодии баён ва сафоратҳои ғарбӣ дар Тоҷикистон посух хоҳад дод.
[b]»Иқдомоти машкук»[/b]
Урунбой Усмонов, ки тайи даҳ соли ахир ба ҳайси гузоришгари бахши Осиёи Миёнаи Би-би-сӣ дар вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон, фаъолият мекунад, рӯзи душанбеи гузашта, ҳангоме ки маҳалли кори худро ба қасди хонааш тарк мекард, нопадид шуд.
Аҳли хонаводааш тӯли як шабонарӯз дар бемористонҳои маҳаллӣ ва идораҳои пулис дар суроғи ӯ буданд. Вале баъд аз зӯҳри рӯзи сешанбе теъдоде аз кормандони амниятӣ ва пулис ӯро ба хонааш оварда, манзилашро такурӯ карданд ва дубора бо худ бурданд.
Гузашта аз ин, маъмурони амниятиву интизомӣ дафтари кории оқои Усмонов дар созмони ғайридавлатии «Ҳокимияти чаҳорум»-ро низ такурӯ карда ва дастгоҳи роёна (компютер)-и ӯро бо худ бурдаанд.
Талошҳои вакили мудофеъи оқои Усмонов барои дидор бо муваккилаш то кунун натиҷае надода ва мақомоти амниятии маҳаллӣ бо баҳонаҳои гуногун аз дидори ӯ монеъ шудаанд.
Бозраси парвандаи оқои Усмонов рӯзи чаҳоршанбе бидуни ҳузури вакили мудофеъаш ӯро ба додгоҳ бурда ва иҷозаи ҳабси ӯро гирифтааст. Вай ҳамчунин бидуни ҳузури вакили мудофеъ ин хабарнигори боздоштшудаи Би-би-сиро мавриди муъоянаи пизишкон қарор додааст.
Пайвандони оқои Усмонов ин ду иқдоми бозрас дар ғиёби вакили мудофеъи ӯро машкук хонда ва аз эҳтимоли шиканҷаи ӯ дар боздошт ҷиддан ибрози нигаронӣ мекунанд.
[b]»Ҳамла ба матбуъоти озод»[/b]
Дар ҳамин ҳол, гурӯҳе аз мудофеъони ҳуқуқи башар тӯмор ё дархостномае интернетӣ аз давлати Тоҷикистон барои озодии Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сиро, таҳия карда ва аз корбарони интернет, бавижа рӯзноманигорон ва мудофеъони ҳуқуқи башар, хостори пайвастан ба ин иқдом шудаанд.
[b]Дархости озодии Урунбой Усмонов[/b]
Шаҳида Яъқуб, рӯзноманигори озод ва мудофеъи ҳуқуқи башар, ва чанде дигар аз рӯзноманигорони мубтакири ин дархост боздошти хабарнигори Би-би-сиро маҳкум карда ва аз мақомоти тоҷик хостаанд, ки имкони дастрасии оқои Усмонов ба муроқибатҳои пизишкӣ ва хадамоти вакили мудофеъро таъмин созанд.
Имзокунандагони ин санади интернетӣ аз нишонаҳои лату кӯб ва бадрафторӣ нисбат ба оқои Усмонов, ки аъзои хонаводааш мушоҳида кардаанд, башиддат ибрози нигаронӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки боздошти Урунбой Усмоновро «ҳамлае ҷиддӣ ба матбуъоти озод дар Тоҷикистон» медонанд.
«Мо тақозо мекунем, ки ба бархӯрди ғайриинсонӣ бо Усмонов поён дода ва дар мавриди бадрафтории маъмурон нисбат ба ӯ таҳиқоте анҷом шавад ва афроди масъул бояд муҷозот шаванд.»
Дар ин тӯмор, ки то кунун беш аз 100 нафар онро имзо кардаанд, аз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур, Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири умури дохилӣ ва Саймӯмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, тақозо мешавад, ки ба озодии беқайду шарти оқои Усмонов мусоъидат кунанд.
Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/06/110617_ea_urunbay_lawyer.shtml