Мансабҳои нави Шоҳона ва Зиннатулло Исмоилзода

Дафтари матбуотии президент хабар медиҳад, ки имрӯз зимни як тағироти кадрӣ Одиназода Шоҳона ва Зиннатулло Исмоилзода вазифаҳои навро соҳиб шудаанд.

Зимни фармони президент Одиназода Шоҳона Сулаймон — сармуҳаррири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон”, Файзуллозода Хуршед Мирзо — директори муассисаи давлатии «ТВ-Варзиш» Набизода Набӣ — директори муассисаи давлатии «ТВ-Синамо», Исмоилзода Зиннатуллоҳ Бурҳон директори муассисаи давлатии «Академияи васоити ахбори умум”, Шарифзода Манучеҳр Муртазо — директори муассисаи давлатии «Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ” таин гардидаанд.

Ҳамчунин зимни фармон мансаби — муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Наҷотзода Мутеъулло Абдулқосим — муовини директори генералии ҶДММ «Зарафшон” ба Мусоев Маҳмуд Мардонович дода шудааст.

Бояд зикр намуд, ки то фарорасии соли 2016 дар фазои иттилооти Тоҷикистон боз ду шабакаи нави телевизионӣ — «ТВ-Варзиш” ва «ТВ-Синамо” ба фаъолият шуруъ мекунанд.

Академияи васоити ахбори умум низ моҳҳои наздик ба кор даромада, дар таълиму тарбия ва бозомӯзии кормандони ин соҳа саҳмгузор хоҳад шуд. Бозомӯзии кормандон дар Академияи васоити ахбори умум, асосан дар ихтисосҳое ба роҳ монда мешавад, ки то имрӯз дар хориҷи кишвар омӯзонда мешаванд.

Ҳамчунин супоришҳои мушаххас ба роҳбарони ду муассисаи ба тозагӣ таъсисёфта-телевизионҳои «ТВ-Варзиш” ва”ТВ-Синамо” дода шудааст.

 

http://faraj.tj/news/11543-mansab1203oi-navi-sho1203ona-va-zinnatullo-ismoilzoda.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *