Манижа Давлатова, сарояндаи тоҷик, аз журналистон дархост кардааст, ки “минбаъд зимни таҳияи мавод боинсофу бовиҷдон бошанд”.
Манижа бо таъкиди ин нукта дар суҳбат бо хабарнигори «Азия-Плюс» дар мавриди бозгашти дуборааш ба саҳна гуфтааст, ки “намедонам, шояд дигар ҳеҷ гоҳ. Ман оромонаву хоксорона, бидуни ҳунару эҷод ва саҳна зиндагӣ дорам. Дар ҳаёти ман ҳеҷ дигаргуние рух надодааст, ки аз он метавон ба матбуот хабар дод. Ман дар назди мухлисонам, ки то ҳанӯз бозгашти маро интизоранд, худро ноҳинҷор ҳис мекунам”.
Ба гуфтаи сароянда, ба ӯ занг мезананду паёмак мефиристанд ва хешону наздиконашро низ мепурсанд, ки оё дарвоқеъ ҳам ӯ баъди се моҳ боз ба саҳна бармегардад.
— Касе самимона хурсандӣ изҳор мекунад, касоне низ ҳастанд, ки бозгаши маро намехоҳанд ва ҳамаҷониба маломатам менамоянд, ки баъди ҳиҷоб пӯшиданам боз ба саҳна баргаштанам лозим нест. Хуллас, боз атрофи ман гуфтугӯҳои ногувор, охир барои ин ҳеҷ асосе нест. Ҳамаи ин маводи пурсарусадову «доғ»-и бархе аз журналистони ғайриҳирфаӣ аст, ки баҳри болоравии рейтинги худ ва ширкати дар он фаъолиятдоштаашон аз ҳеҷ чизе рӯй наметобанд, — илова кардааст Манижа Давлатова.
http://faraj.tj/news/6442-manizha-zhurnaliston-boinsofu-bovi1207don-boshed.html