Маҳмадюсуф Исмоилов аз додгоҳ дархост кард, ки ӯро табраъа кунанд

[b]Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори зиндонии тоҷик, дар ҷаласаи додгоҳ, ки имрӯз 13 октябр, дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, зимни ироаи «охирин суханаш» аз додгоҳ дархости табраъаи худро кардааст.[/b]

Муҳаббат Ҷӯраева, вакили дифоъи Муҳаммадюсуф Исмоилов ба Би-би-сӣ гуфт, ки паёми аслии «сухани охирини» оқои Исмоилов ба қозӣ ин буд, ки ҳадаф аз навиштани мақолаҳои интиқодиаш «такон додан ба рушди ҷомеъа» будааст.

Оқои Исмоилов гуфтааст, ки ҳеҷ хусусати шахсӣ алайҳи мансабдорони ноҳияи Ашт надоштааст ва ҳадаф аз навиштани мақолаҳояш нишон додани камбудиҳои ҷомеъа будааст.

Нуриддин Қаршибоев, раҳбари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (АМРМТ) ва ё НАНСМИТ ба Би-би-сӣ гуфт, ки қазияҳои додгоҳии Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ ва Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори нашрияи «Нури зиндагӣ» вокунишҳои байналмилалиеро ба вуҷуд оварданд.

Ба андешаи оқои Қаршибоев, қазияи додгоҳии ду хабарнигор дар як минтақа аз эҷоди мавонеъ дар густариши озодии баён дар Тоҷикистон дарак медиҳад ва сатҳи арҷ гузоштан ба арзишҳои демукросиро дар ин нишон медиҳад.

Зимнан, дар ҷаласаи қаблии додгоҳӣ Амирҷон Ғафуров, додситон ва айбдоркунандаи давлатӣ аз қозӣ талаб карда буд, ки Муҳаммадюсуф Исмоиловро ба муддати 16 сол маҳкум ба зиндон кунад ва тибқи қонуни авф ду сол аз ин ҳукми ӯ кам карда шавад.

Муҳаббат Ҷӯраева, вакили дифоъи Муҳаммадюсуф Исмоилов гуфта буд, ки иттиҳомоти ворида алайҳи муваккилаш собит нашуданд ва ӯ бояд табраъа шавад.

Муҳаммадюсуф Исмоилов дар тавҳини мақомдорони давлатии ноҳияи Ашт мутаҳҳам мешавад ва аз таърихи 23 ноябри соли гузашта дар боздоштгоҳе дар вилояти Суғд ба сар мебарад. Вай ҳамчунин дар «тамаъҷӯӣ, барангехтани маҳалгароӣ, тӯҳмат ва таҳқир» муттаҳам шудааст.

Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (АМРМТ) ва ё НАНСМИТ мукарраран боздошти ин хабарнигорро ба фаъолияти ҳирфаиаш ва нашри матолиби интиқодӣ дар бораи фаъолияти ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ниҳодҳои қудратӣ марбут мехонад.

Ба ин хотир созмонҳои бонуфузи дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон ва дидбонҳои ҳуқуқи башар аз давлати Тоҷикистон даъват ба амал оварданд, ки Муҳаммудюсуф Исмоиловро озод кунад.

Аз ҷумла, созмони Гузоришгарони Бидуни Марз ва Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон (CPJ) созмонҳое, ки аз озодии баён ва ҳуқуқи рӯзноманигорон ҳимоят мекунанд, пештар хостори озодии Муҳаммадюсуф Исмоилов шуда буданд.

Гузоришҳо ҳокист, ки тайи соли 2010 милодӣ дар Тоҷикистон чанд нашрия бо далоили мухталиф ба додгоҳ кашида шуда ва хабарнигорони зиёде барои нашри матолиби интиқодӣ бо фишорҳои мақомоти давлатӣ ва афроди алоҳида рӯбарӯ шудаанд.

Эҳтимол меравад, ки ҳукми додгоҳ дар робита ба парвандаи Муҳаммадюсуф Исмоилов фардо, рӯзи 14 октябр дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд эълом шавад.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/10/111013_sq_aa_media_ismailov.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *