Маълумоти провайдерҳо ба волидон бобати дар кадом сомонаҳо будани фарзандон

Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонуни ҷумҳурӣ «Дар бораи масуълияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон»-ро таҳия ва ба баррасии парлумон ирсол намуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, моҳияти тағйироту иловаҳои мазкур чунин аст: ширкатҳои фароҳамсози интернет (провайдерҳо)-и ҷумҳурӣ уҳдадор мешаванд, ки бо дархости волидон ба онҳо дар бораи ба кадом сомонаҳо ворид шудани фарзандонашон дар шабакаи Интернет бепул маълумот пешниҳод намоянд.

Зимнан зикр гардид, ки ин тағйироту иловаҳо ба пешгирии кӯдакон аз пайвастан ба сафҳои созмонҳои террористиву ифротгаро, муҳофизати онҳо аз зӯроварӣ ва безавқӣ нигаронида шудаанд.

 

http://news.tj/tj/news/malumoti-provaider-o-ba-volidon-bobati-dar-kadom-somona-o-budani-farzandon

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *