Санаи 27 ноябри соли 2018 аз ҷониби Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон ҷаласаи «мизи гирд» дар мавзӯи «Дастрасӣ ба иттилоот: гарави шаффофият ва таҳти ҳисобот қарор доштан» баргузор гардид, ки дар он вазъи дастрасӣ ба иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкили мониторинги риояи меъёрҳои қонунгузорӣ оиди дастрасӣ ба иттилоот дар реҷаи онлайнӣ мавриди баррасӣ қарор дошт. Дар ҷаласаи мазкур кормандони хадамоти матбуоти мақомоти давлатӣ, намояндагони васоити ахбори умум, Институти Инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, барномаи Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди мадад дар Тоҷикистон ва дигар созмонҳои ҷамъиятиву байналмилалӣ иштирок доштанд.
Ҷаласаро сарвари иҷроияи ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» Шоира Давлатова ифтитоҳ намуда, аз ҷумла зикр кард, ки то ба ҳол мушкили асосии журналистон гирифтани иттилоот аз ҷониби мақомотҳои қудратӣ аст. Раиси АМВАОМТ Нуриддин Қаршибоев дар мавзӯи «Дастрасӣ ба иттилоот: дастовард ва пешомадҳо» баромад карда, ҳадафи лоиҳаи «Таъсиси веб-платформа оид ба дастрасӣ ба иттилооти муҳими ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки аз ҷониби Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон роҳандози гардидааст, муфассал шарҳ дод.
— Дар охири ҳар семоҳа натиҷаи дархостҳои воситаҳои ахбори омма оид ба пешниҳоди иттилоот, ки ба вазоратҳо ва мақомоти идоракунии давлатӣ фиристода шудаанд, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода мешавад,- зикр намуд Нуриддин Қаршибоев.
Баъдан ба иштирокчиёни ҷаласа майдончаи интернетии дастрасӣ ба иттилооти муҳими ҷамъиятӣ, ки ба назорати дархостҳо ба иттилоот тавассути сомонаи АМВАОМТ мусоидат мекунад, рӯйнамоӣ гардид.
Дар охир мубодилаи афкор сурат гирифта, барои беҳтар намудани дастрасии васоити ахбори умум ба иттилоот аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа фикрҳои ҷолиб пешниҳод гардиданд.
http://www.vfarhang.tj/index.php/tj/khabar-o/2018-majdonchai-internetii-dastras-ba-ittiloot