“Илм ва ҷомеа”, бо ин унвон маҷаллаи илмиюӣ-оммавии Академияи илмҳои ҶумҳурииТоҷикистон аз чоп баромадааст.
Тибқи иттилои сухангӯи ин ниҳод Шервони Умриддин, ҳадаф аз таъсис додани ин маҷалла, нашри мақолаю маводҳои илмии олимону донишмандони тоҷик, бозтоби дастовардҳои илмии ҷаҳониён, ошкор кардани мушкилоти ҷаҳони муосир ва ба донишомӯзи ҷалб намудани ҷавонон, мусоидат кардан ба ҳалли мушкилоти мубрами Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон ба шумор меравад.
Бино ба иттилои манбаъ, мақсади ташвиқу тарғиби дастовардҳои олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани ҷаҳонбинии илмӣ ва тафаккури техникии ҷомеа, нишон додани роҳҳои татбиқи дастовардҳои илмӣ дар иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маориф, фарҳанг ва мусоидат ба рушди илми ватанӣ бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ маҷаллаи академии илмию оммавӣ бо номи “Илм ва Ҷомеа” бо қарори Раёсати АИ ҶТ аз таърихи 14 – уми сентябри соли 2015, таҳти рақами 80 таъсис дода шудааст.
Маҷаллаи академии илмию оммавии “Илм ва Ҷомеа” 17 – уми декабри соли 2015 аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда дар як сол чор маротиба бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр хоҳад шуд. Муассиси маҷалла Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сармуҳаррири он доктори илмҳои фалсафа Ҳафиз Бобоёров мебошад.
Манбаъ мегӯяд, “Бо назардошти консепсияҳои ягонаи таҳқиқоти байнисоҳавӣ, мақолаҳо ва маводи маҷаллаи “Илм ва Ҷомеа” аз рӯи мавзуъҳои мубрами илм ва ҷомеаи муосир ба нӯҳ бахш гуруҳбандӣ гардидаанд: “Ҷаҳони муосир” ва “Ояндашиносии равандҳо ва хатарҳои ҷаҳони муосир”, “Фалсафа ва назарияҳои байнисоҳавӣ”, “Ҷаҳон аз нигоҳи дигар”, “Маорифпарварӣ ва ҷаҳонбинии алтернативӣ”, “Дастовардҳои илму техникаи муосир”, “Маориф ва рушди инсон”, “Бозёфтҳои ҷавонон”, “Пажуҳиш дар адаб ва ҳунар” ва “Пешниҳодҳо ва эълонҳо” мебошанд”.