Маҳдудияти озодии баён дар соли интихоботи Тоҷикистон

Дар соли гузашта дар Тоҷикистон мавориди зиёди эҷоди мавонеъ дар роҳи озодии баён, бахусус масдуд шудани сойтҳои хабарӣ ва фишори ниҳодҳои давлатӣ бар нашрияҳои мустақил сабт шудааст.

Дар гузориши Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон (АМРМТ), ки дар сойти ин созмон мунташир шуд, аз ҷумла ба эҷоди мавонеъи маснӯъӣ дар фаъъолияти расонаҳо ва нашрияҳои мустақил дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи ноябри соли гузашта ишора шудааст.

имнан, бо дастури Бег Зуҳуров, раиси Идораи иртибототи Тоҷикистон, бидуни огоҳӣ ва шарҳи қазия чанд сойти хабарӣ дар соли гузашта масдуд шуд.

Зариф Ализода, кумисери ҳуқуқи башари Тоҷикистон, низ дар гузориши вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар, ки моҳи марти соли гузашта интишор ёфт, масдудияти сойтҳои хабариро як навъ нақзи ҳуқуқи башар унвон карда буд.

Дар ин гузориш аз маҳдудият дар дастрасӣ ба торнамоҳои родиюи «Озодӣ», хабаргузории «ASIA-Plus», хабаргузории «Тоҷнюз» ва шабакаҳои иҷтимоъии Фейсбук ва Ютюб ва ва сойтҳои дигари хабарӣ ишора шуда ва ин амал “асари манфӣ дар рушди фазои иттилоъотии Тоҷикистон” гузоштааст.

Ҳамчунин, дар гузориши солонаи Анҷумани милли расонаҳои мустақил омада, ки дар соли гузашта ду хабарнигор мавриди ҳамла қарор гирифтаанд, аммо то ҳол ин ҳаводис аз ҷониби ниҳодҳои зирабти Тоҷикистон ҷиддан бозрасӣ ва омилон муҷозот нашудаанд.

Аз ҷумла, шоми 27 феврали соли гузашта Абдураҳим Умаров, сухангӯйи Идораи гумруки Тоҷикистон, аз ҷониби афроди номаълум лату кӯб шуда ва дар бемористони Вазорати умури дохила бистарӣ шуда буд.

Рӯзи 25 декабри соли гузашта Абдураҳим Шукуров, филмбардори хабаргузории “Озодагон”, тавассути пулис боздошт шуд ва ба гуфтаи худи ӯ, дар боздоштгоҳ маврди лату кӯб қарор гирифтааст.

Нуриддин Қаршибоев, раиси АМРМТ, гуфт: “То ба охир бозрасӣ нашудани ҳаводиси нақзи ҳуқуқ ва ҳамла ба хабарнигорон боъиси нигаронӣ ва пайдо шудани шакку тардид дар истиқлоли ниҳодҳои қазоӣ шудааст.”

Ҳамчунин, дар гузориши Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон ба афзоиши мавориди пайгардҳои қонунӣ алайҳи нашрияҳо ва хабарнигорони мустақил таъкид шудааст, ки ба муддати 11 сол равонаи зиндон шудани Маҳмадюсуф Исмоъилов аз ҷумлаи онҳост.

Рӯзи 29 октябри соли гузашта додгоҳи ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд оқои Исмоъилов, хабарнигори пешини нашрияи мустақили “Нигоҳ”-ро, ба иттиҳоми тамаъҷӯйӣ ва тақаллуб бо истифода аз мақоми хидматӣ барои муддати тӯлонӣ равонаи зиндон ва ба муддати 3 сол аз ҳаққи фаъъолияти хабарнигорӣ маҳрум карда буд.

Ҳамчунин, нашрияҳои “ИмрузNews”, “Тоjnews” ва телевизиюни “Ҷаҳоноро” барои чопу пахши матолиби интиқодӣ ба додгоҳ кашида ва ҷарима шуданд. Ба ин тартиб, дар соли гузашта алайҳи нашрияҳо ва хабарнигорони мустақил як парвандаи ҷиноӣ ва 9 парвандаи идорӣ боз шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон имзои Қонуни “матбӯъот ва дигар расонаҳо” аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур, дар моҳи марти соли гузашта ва иҷроб шудани онро гоме муҳим барои тақвияти пояҳои ҳуқуқии фаъъолияти расонаҳо арзёбӣ кардааст.

http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2014/01/140108_mm_media_nansmit.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *