Сардиҳои чанд рӯзи ахир дастрасии бархе аз мардум ба интернетро дар Тоҷикистон маҳдуд кардааст.
Дар мавориде дастрасӣ ба интернет тавассути таҷҳизоти WiMax ва ё аз тариқи телефуни ҳамроҳ душвор шуда ё вақти тӯлонӣ барои он сарф мешавад. Аз ин мушкил бештар муштарикони ширкатҳои фароҳамгари интернети Вавилон ва Tcell шикоят кардаанд.
Ширкати Вавилон дар торнамои расмии худ аз эҳтимоли бурузи мушкилот дар заминаи дастрасӣ ба интернет хабар дода ва пӯзиш хостааст. Аммо масъулони ширкат мегӯянд, ки ҳанӯз мушкиле дар ироаи хадамоти интернетӣ мушоҳида нашудава дар сурати бурузи мушкил бояд “расман шикоят кард”.
Асомуддин Атоев, раиси Анҷумани фароҳамгарони интернет дар Тоҷикистон, мегӯяд, ки дар пайи сардиҳои чанд рӯзи ахир мушкили дастрасии сокинон ба шабакаи ҷаҳонии интернет мушоҳида мешавад.
Вай муътақид аст, ки қатъи барқ дар бархе манотиқ кори таҷҳизоти интернетро ҳам мухтал кардааст. Оқои Атоев изҳори умедворӣ кард, ки бо “беҳтар шудани вазъи ҳаво ин мушкил бартараф хоҳад шуд”.
Зимнан, барои охирин бор мушкили дастрасии корбарон ба шабакаи ҷаҳонии интернет дар Тоҷикистон дар рӯзҳои баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва шумориши оро ба вуҷуд омада буд.
http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2014/02/140204_if_internet.shtml