Гузоришҳои расида ҳокист, ки дар бархе аз манотиқи Тоҷикистон дастрасӣ ба шабакаи ҷаҳонии Интернет ва бархе аз сойтҳои иҷтимоъӣ маҳдуд карда шудааст.
Корбарони шабакаи иҷтимоии Фейсбук мегӯянд, ки аз рӯзи якшанбеи 5-уми октябр дар Тоҷикистон дастрасӣ ба ин шабакаи интернетӣ ғайримумкин шудааст.
Дар ҳамин ҳол хабаргузории “Asia-Plus” аз масдуд шудани ҳудуди 300 торнамои хабарӣ дар Тоҷикистон хабар дода ва аз қавли коршиносон ин иқдоми давлати ин кишварро ба пахши даъватҳо барои тазоҳуроти эътирозӣ дар шаҳри Душанбе марбут хондааст, ки дар чанд рӯзи ахир дар шабакаҳои иҷтимоъии Интернет мунташир шудаанд.
Аз ҷумла, дар шабака иҷтимоъии “Facebook” даъватҳо барои тазоҳуроти эътирозӣ алайҳи ҳукумати феълӣ дар яке аз майдонҳои шаҳри Душанбе дар рӯзи 10 октябри соли ҷорӣ пайдо шудаанд.
Давлати Тоҷикистон расман дар мавриди ин гуна ҳодиса ибрози назаре накарда, вале ба гуфтаи корбарони Интернет дастрасӣ ба шабакаҳои маъмуле чун “Facebook” маҳдуд шудааст.
Зимнан, дар намози Иди Қурбон дар рӯзи якшанбеи 5 октябр, дар бештари масоҷиди шаҳри Душанбе аз намозгузорон даъват шуд, ки аз ширкат дар ҳамчунин тазоҳурот худдорӣ кунанд.
Ин дар ҳолест, ки имрӯз дар Тоҷикистон рӯзи таътил аст ва хабарнигорон наметавонанд бо мақомоти Идораи мухобироти Тоҷикистон дар тамос ва шарҳи ин ҳодисаро савол кунанд.
Вале Бег Сабурӣ, раиси ин ниҳод дар сӯҳбат бо хабаргузории ИТАР-ТАСС- и Русия гуфтааст, ки аз вазъи ҳодиса дар ҷараён нест ва эҳтимол дорад ин маҳдудиятҳо ба далели фаннӣ сурат гирифта бошад.
Аз ҷумла, гуфта мешавад, ки бештаре аз корбарони интернетӣ дар вилояти Суғд наметавонанд тавассути модемҳои 3 – J ба шабакаи ҷаҳонии Интернет пайваст бишаванд.
Аз сӯйи дигар дар ду рӯзи ахир дар хиёбонҳои Душанбе таҷаммӯъи нерӯҳои зиддишӯришии пулиси Тоҷикистон мушоҳида мешавад. Мақомоти интизомӣ мегӯянд, ки ин амр ба далели таъмини амният дар рӯзҳои таҷлили Иди Қурбон гирифта шудааст.
Вале соҳибназарон мегӯянд, ки ахиран порлумони Тоҷикистон ба қонуни ин кишвар тағйироте ворид карда ва шароитро барои маҳдудсозии дастрасии сокинон ба мухобиротро фароҳам кардаанд. Ба ин далел ҳадс зада мешавад, ки дар маҷмӯъ давлати Тоҷикистон мехоҳад куллия имконоти худ барои мубориза бо муътаризонро тамрин бикунад.