Мақомоти Тоҷикистон: “Звезда” – ро ба суд мекашем”

«Звезда» — радиои вазорати дифоъи Русия, пахши барномаҳои худ дар Тоҷикистонро аз сар гирифт, аммо мақомот мегӯянд, дар ҳоли қатъ накардани пахши ғайриқонунӣ расонаро ба додгоҳ хоҳанд кашид.

«Звезда» — радиои Вазорати дифоъи Русия, ки то моҳи майи соли 2013 дар Тоҷикистон тариқи мавҷи 103.6 FM пахш мешуд, ба қавли шунавандагон, аз 25 январи соли равон дигарбора ба пахши барномаҳояш шуруъ кардааст.

Аммо Самад Ҳикматов, муовини раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, ба TojNews гуфт, ҳамчунин иҷозаро барои пахши ин радио дар Тоҷикистон надодаанд ва ҳоло ин мавзуъ дар мақомоти зидахл мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Вай афзуд, иҷозати пахши барномаҳои радио ва телевизион дар қаламрави Тоҷикистон тибқи қонунгузории ин кишвар бояд бошад ва “Звезда” ҳеҷ санади расмие барои фаъолият надорад.

Радиои «Звезда» ба Ширкати радиотелевизионии неруҳои мусаллаҳи Русия тааллуқ дорад ва соли 2005 ташкил шудааст. Ба ҷуз Русия дар Тоҷикистон ва Украина пахш мешавад.

Барномаҳои радиои «Звезда» тариқи мавҷи 103.6 FM аз Душанбе то вилояти Хатлон дар гузашта тариқи фиристандаҳои пойгоҳи низомии 201 — и Русия дар Тоҷикистон пахш мешуд.

Маркази радио ва телевизиони пойгоҳи низомии 201-и Русия аз соли 1996 ба ин сӯ дар Тоҷикистон фаъолият дорад ва тибқи иттилои вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, нашрияи «Солдат России» низ ба ин пойгоҳ тааллуқ дорад.

Тибқи муқаррароти қонунгузории Тоҷикистон, Маркази телевизион ва радиои пойгоҳи 201 ҳаққи пахши барномаҳояшро танҳо дар ҳудуди худи пойгоҳ дорад.

Масъулини «Телерадиоком», ниҳоди масъули пахши амвоҷи Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон  низ аз азсаргирии пахши “Звезда” изҳори беиттилотӣ мекунанд.

Аммо Хадамоти бозрасии Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, ки масъули назорати пахши радио ва телевизионҳо дар Тоҷикистон аст, мегӯяд, ҳоло ба масъулини пахши “Звезда” ва ҳам дафтари марказии он ҳушдор додаанд, ки аз пахши ғайриқонунии радио дар Тоҷикистон худдорӣ кунанд ва дар ҳоли иҷро нашудани ин талаб аз “Звезда” ба суд шикоят хоҳанд бурд.

Масъулини пойгоҳи 201 дар ин бора шарҳе пешниҳод накарданд.

Пахши барномаҳои “Звезда” дар Тоҷикистон замоне аз сар гирифта шуд, ки 26-уми январ Анатолий Иванов, муовини вазири дифоъи Русия ба Душанбе омад, то бо мақомоти тоҷик масъалаи кӯмаки низомии кишвараш ба Тоҷикистонро баррасӣ кунад.

Copyright © 2015 TojNews 

http://www.tojnews.org/tj/news/makomoti-tochikiston-zvezda-ro-ba-sud-mekashem

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *