Зулфиддин Мӯъминҷонов, устоди шӯъбаи журналистикаи телевизион ва радиои Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон аз риоя накардани кормандони телевизион ба жанру меъёрҳои журналистика интиқод кард.
Ҷаноби Мӯъминҷонов ин суханҳоро зимни семинар-машварати илмӣ бо унвони «Матбуот ва даврони Истиқлолият», ки имрӯз дар Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бахшида ба 25-солагии Истиқлолият ва 104- солаги матбуоти тоҷик баргузор гардид, иброз дошт.
Зулфиддин Муъминҷонов дар баромади худ аз интиқоди сарвари давлат дар бораи барномаҳои телевизионҳои ҷумҳурӣ сари вақти хонда таъқид намуд, ки воқеан имрӯз кормандони телевизионҳои ҷумҳурӣ жанрҳои журналистикаро намедонанд ва дар вақти барномасозӣ онҳоро ба ҳам омехта мекунанд.
Номбурда аз барномаҳое, ки охири ҳафта дар телевизионҳо чун ҷамъбасти ҳафта намоиш дода мешаванд, мисол овард: «Дар онҳо барномаи «Иттилоотӣ-таҳлилӣ» нависта мешаванд, ки ин нодуруст аст. Ҳодисае, ки як ҳафта пеш рух додааст иттилоотӣ нест, балки таҳлилӣ аст ва дар ҷамъбасти ҳафта мо набояд он хабарро айнан диҳем мо бояд онро таҳлил намуда бо ҷузиёти бештар пешкаши тамошобин намоем».
Ҳамчунин дар ин чорабинӣ устодон ва донишҷуёни кафедраи рӯзноманигории донишкада Чорёри Иброҳим,Гавҳар Умарова, Хушбахт Беков, Тағоймурод Орифӣ ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуда ҳар яке дар бораи дирӯз ва имрӯзи матбуот ибрози андеша намуданд.