Лоиҳае, ки нақши ВАО-ро дар пойдории ваҳдат муассир мекунад

7-уми майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе муаррифии расмии лоиҳаи “Мусоидат ба сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ тавассути баланд бардоштани маърифати расонаӣ, инъикоси муассир ва ҳамкориҳои минтақавӣ”, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, аз ҷониби Internews амалӣ мегардад, баргузор гашт.

Дар маросими расмии ифтитоҳи лоиҳа журналистон ва роҳбарони расонаҳои мустақили вилояти Суғд, Хатлон ва Бадахшон, намояндагони сохторҳои давлатӣ, созмонҳои маҳалӣ ва байнулмилалӣ ва коршиносони маъруфе, ки барои ҳамкориҳои минбаъда бо лоиҳа таваҷҷӯҳ доранд, иштирок намуданд.

Лоиҳаи “Мусоидат ба сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ” кишварҳои Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистонро фаро хоҳад гирифт.

Ҳадафҳои лоиҳа мустаҳкамсозии мавқеъи ВАО дар минтақа ба ҳайси миёнарав дар интишори иттилооти ҳассос ва густариши ҳамкориҳои намояндагони ВАО бо мақомоти давлатӣ ва фаъолони ҷомеа мебошад. Барои расидан ба ин ҳадафҳо Internews ба ҳукуматҳои маҳалӣ, ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва ВАО барои баланд бардоштани сифат ва шумораи иттилооти беғаразва баланд бардоштани маърифати расонаӣ ва мизони интиқодии қабул ва бархӯрд ба матолиби расонаӣ дар ҷомеъа, ки барои пешгирӣ аз ифротгароӣ дар Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад, ҳамкорӣ хоҳад кард.

Дар назар аст, маъракаи иттилотии интернетӣ доир ба маърифати расонаӣ тули 15 моҳ роҳандозӣ гардида, зимни роҳандозии он ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва пойгоҳҳои (платформа) маъруфи табодули иттилоот дар Осиёи Марказӣ тарҷеҳ дода мешавад.

Истифодабарандагони ин платформаҳо имконоти омӯзиши малакаҳои амнияти рақамӣ ва истифодаи интиқодии маълумоти интернетиро меомӯзанд.

http://faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/16612-loi-ae-ki-na-shi-vao-ro-dar-pojdorii-va-dat-muassir-mekunad.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *