Латукӯби хабарнигори МТЖТ дар Панҷакент

Роҳбари бунгоҳи хабарнигории Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон дар водии Зарафшон Шоҳин Облоқулзодаро дар бозори марказии шаҳри Панҷакент ҳангоми иҷрои рисолаи касбиаш латукӯб намудаанд.

Тавре худи хабарнигор иброз медорад, ҳодиса баъд аз зӯҳри имрӯз, 13-уми июн, рух додааст. Ба андешаи Шоҳин Облоқулзода, вақте ӯ дар бозор як ҷангҷолро мебинаду мехоҳад ин ҳолатро наворбардорӣ кунад, яке аз занҳо навробардориро дида ба хабарнигор дармеафтад ва мехоҳад дастгоҳашро аз дасташ бигирад. Дар ин ҳангом шавҳари ин зан ба кашокаш ҳамроҳ шуда, дасти рӯзноманигорро медораду тоб медиҳад ва занаш ба рӯи Шоҳин Облоқулзода як шапотӣ мезанад.

Шоҳидон дар сӯҳбат дар робита ба ин ҳодиса гуфтанд, Фотима Алиева як зани ҷанҷолӣ аст, ки бо ҳама харидорону фурӯшандагон ва ҳатто кормандону роҳбарияти бозор даъво мекардааст.

Вобаста ба қазияи мазкур хабарнигор ба прокуратураи шаҳри Панҷакент муроҷиат намудаст ва айни замон муфаттишони ШВКД ҶТ дар шаҳри Панҷакент санҷишро оғоз намудаанд.

Шоҳин Облоқулзода, хабарнигори собиқадор 62 сол дошта, чандин сол дар расонаҳои гуногун, аз ҷумла Вароруд, телевизиони маҳаллии “Симо”-и шаҳри Панҷакент, радиои Озодӣ ва тайи чанд соли охир роҳбари бунгоҳи хабарии МТЖ дар водии Зарафшонро ба зима дорад.

http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/16886-latuk-bi-khabarnigori-mtzht-dar-pan-akent.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *