КЮНЕТ ОРЗУ ИСОЕВРО БА ҒАРАЗҶӮӢ МУТТАҲАМ КАРД

Ширкати Кюнет дар Тоҷикистон баррасии фаъолияти ин ширкатро дар радиои “Имрӯз” маъракаи ғаразнок арзёбӣ кард.

Ин ширкат бо ирсоли як изҳорот ба расонаҳо, навиштааст, дар 2 барномаи субҳгоҳии радиои “Имрӯз” фаъолияти Кюнет аз ҷониби ровии барнома Орзу Исоев ғаразнок ва якҷониба бозтоб гардиданд.

Дар мактуби ширкати Кюнет гуфта мешавад,ки Орзу Исоев дар рафти барнома умуман тавони гӯш кардани онҳоеро, ки ба ҷонибдорӣ аз тиҷорати электронӣ ва ширкат сӯҳбат мекарданд, надошт.

-Муҷрии барнома зангҳои телефоние, ки ба ҷонибдорӣ аз ширкат ворид мешуданд, беадабона қатъ мекард. Бештар ба мисолҳо ва оморе такя мекард, ки асоси воқеъӣ надошта, ягон манбаи муътамад ҳам надошт. Назари шахсии худашро болои шунавандагон таҳмил мекард. Аз шеваи пахши мустақим дар радио суистифода бурда, носазогӯии ранҷидагони алоҳида, ёвагӯиҳои як духтур ва дигар шахсони ғараздорро рӯи мавҷ овард. Бар хилофи одоби инсонӣ, ахлоқи журналистӣ ва қонунгузории ҷорӣ Ширкати Кюнетро беасос пирамида хонд,-навиштаанд, муаллифони мактуб.

Аммо Назири Нусрат, сармуҳаррири радиои “Имрӯз” мегӯяд, изҳороти ширкати Кюнетро эътироф намекунанд, зеро ин як назари сарироҳӣ аст.

-Ҳарчӣ ҳаст дар барномаи субҳгоҳии пагоҳ 12-уми июн ин мавзуъ боз мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт ва дар бораи ин изҳорот низ шояд ягон сухан гуфта шавад,- илова кард, Назири Нусрат.

http://www.tojnews.org/gunet-oerzu-isoevro-ba-garazjui-muttaham-kard

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *