Сафорати ИМА дар Тоҷикистон барои рӯзноманигорони тоҷик курсҳои ройгони омӯзиши забони англисӣ ташкил кардааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Сафорати ИМА, курсҳои мазкур дар якҷоягӣ бо Маркази фарҳангии Бохтар (Bactia Cultural Center) гузаронида мешавад.
Рӯзноманигорони ташкилотҳои давлатӣ ва ғайри давлатие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, метавонанд дар барнома иштирок намуда савияи дониши забони англисии хешро боло бардоранд.
Донишҷуёне, ки дар факултаи рузноманигорӣ таҳсил доранд инчунин ҳуқуқи иштирок дар барномаро доранд. Барнома ройгон буда, барои як сол дар назар дошта шудааст. Курсҳои номбурда, иштироки довталабонро дар зинаҳои савияи элементарӣ (elementary) то савияи баланд (advanced) ба роҳ мондааст.
Довталабон бояд то 20-уми июн барои номнавис шудан ба масъулин барнома бо суроғаиfaridun.nurullo@acted.org нома ирсол намоянд.
Дарсҳои мазкур аввали моҳи июл шўруъ мешавад.
http://www.tojnews.tj/tj/news/saforati-ima-zhurnalistoni-tochikro-roygon-anglisi-meomuzonad