КУРС-КОНФЕРЕНСИЯИ ИБРОҲИМ УСМОНОВ БАРОИ ЖУРНАЛИСТОНИ ҶАВОН

Фонди Ҷамъиятии “Гуфтугӯи тамаддунҳо” бо ҳамкории сомонаи “Dialog.tj” ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон барои журналистон ва муҳаққиқони ҷавоне, ки дар мавзӯи тамаддун ва геополитикаи Осиёи Марказӣ менависанд ва таҳқиқ мекунанд, курс-конференсияи якҳафтаина  таъсис медиҳад. 

Дар он 10 нафар журналистон ва муҳаққиқони аз 20 то 30 сола иштирок карда метавонанд.

Даври омӯзиш аз 26-ум то 31 майи соли 2014 муқаррар шудааст.

Довталабон барои номнависӣ бо телефонҳои 918-61-61-32 (профессор Усмонов Иброҳим Кенҷаевич), 935769999 (Акбари Саттор), 90-401-01-10 (Шарифзода Қироншоҳ) муроҷиат намоянд.

Сўҳбати интихобӣ рўзи 24-уми май дар дафтари Фонди “Гуфтугўи тамаддунҳо” (хиёбони Рудакӣ 91, ҳуҷраи 38) баргузор мегардад.

Шартҳои асосӣ донистан ва навиштани матолиб бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, таваҷҷўҳ ба мавзўъҳои байналхалқӣ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *