Дар Тоҷикистон бори аввал истеҳсоли фиристандаҳои рақамиро бо ширкатҳои аврупоӣ ба роҳ монда шудааст.
Бино ба иттилои Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи телевизион ва радио, 8-уми январ нахустин фиристандаи рақамӣ аз ҷониби ширкати “Тоҷикэлектроника” истеҳсол шуда, мавриди санҷиш қарор дорад. Баъд аз санҷиш истеҳсоли он ба роҳ монда мешавад.
— Мо ният дорем, ки на танҳо Тоҷикистон балки ҳамсоякишварҳои худро низ бо фиристандаҳои рақамӣ таъмин кунем ва бозори минтақаро азхуд кунем. Истеҳсоли фиристандаи рақамӣ дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои аврупоӣ ба роҳ монда шудааст,- мегӯяд раиси Кумита.
Раванди гузаштан ба пахши рақамӣ дар соли 2015 низ идома меёбад. Аз соли 2010 инҷониб 51%-и аҳолии Тоҷикистон, аслан шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қурғонтеппа, Кӯлоб ва Хоруғ ба пахши рақамӣ фаро гирифта шудаанд.
Раҳмонов гуфт, ки дар баробари телевизионҳои давлатӣ телевизионҳои хусусӣ низ ба пахши рақамӣ фаро гирифта мешаванд. Аз ҷумла телевизионҳои мустақили “СМ-1” ва ТВ-“Азия”-и вилояти Суғд ба пахши рақамӣ фаро гирифта шуданд.
Қаблан масъулини Кумитаи телевизион ва радио гуфта буданд, ки то моҳи июни соли 2015 бояд пурра ба пахши рақамӣ гузаранд.
Тоҷикистон дар баробари 119 давлати ҷаҳон 16-уми июни соли 2006 Созишномаи минтақавии «Женева — 2006» — ро барои гузаштан ба пахши рақамиро имзо карда буд.