40 нафар аз кормандони Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, ки синнашон ба нафақа расидааст, ихтисор карда шудаанд.
Дар ин бора раиси Кумитаи радио ва телевизион Асадулло Раҳмонов, ба хабарнигорон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Бинобар иттилои манбаъ, ихтисори нафақахӯрон дар Кумитаи радио ва телевизион тибқи супориши Ҳукумати Тоҷикистон сурат гирифтааст.
Асадулло Раҳмонов гуфт, дар назар аст, Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон тариқи озмун ҷалби ҷавонон ба шабакаҳои радио ва телевизиони давлатӣ ва тағйири симои Васоити ахбори оммаро ба роҳ монад.
Ёдрас мешавем, ки супориши ҳукумат бо имзои Бахтиёр Худоёров, раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли 2012 дар бораи қатъ кардани шартномаи корӣ бо кормандони муассисаҳои давлатӣ, ки синнашон ба нафақа расидааст, ба тамоми муассисаҳои давлатӣ ирсол шуда буд.
Қарори мазкур ба ҳадафи ҷалби бештар ва истифодаи имкониятҳои зеҳнии ҷавонон дар ҷомеаи Тоҷикистон, таҳкими рушди устувор ва созанда қабул карда шудааст.
Бинобар иттилои расмӣ, дар кишвар теъдоди нафақахӯрон ҳудуди 600 ҳазорро ташкил медиҳад, ки баробар ба 7-8 дар сади аҳолии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Нафақаи моҳона дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна ба 152 сомонӣ ё 32 доллари ИМА баробар аст.
Тибқи қонун дар Тоҷикистон мардҳо дар синни 63-солагӣ бо собиқаи кории на камтар аз 25-сола ва занҳо дар синни 58-солагӣ бо собиқаи на камтар аз 20-сола ҳуқуқи ба нафақа баромадан доранд.
http://www.tojnews.org/kumitai-radio-va-tv-40-nafarro-ba-nafaqa%3Dfifistod