Як хабарнигори маҳаллӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, ки Кумитаи дини ин кишвар қасд дорад ӯро ба иттиҳоми «ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ» ба додгоҳ бикашад.
Амруллоҳи Низом, хабарнигори хабаргузории «Tojnews» мегӯяд, ки Кумитаи дини Тоҷикистон ҳамчунин ӯро ба тавҳин ба ронандаи ин ниҳод муттаҳам кардааст.
Оқои Низом ба Би-би-сӣ гуфт, ки ӯ 12 январ барои дарёфти назари масъулони Кумитаи дин дар бораи мақолае зери унвони «Ҷазо барои намоз» ба ин ниҳод муроҷеъа карда, аммо бо вуҷуди рӯзи пазироии мақомоти кумита Абдураҳим Холиқов аз суҳбат бо ӯ имтиноъ ҷустааст.
Вай афзуд, ки азбас ӯ барои дидор бо раиси Кумитаи дин пойфишорӣ карда, миёни хабарнигор ва котибаю ронандаи раиси ин кумита муноқишае рух додааст.
Кумитаи дин гуфтааст, ки дар хориҷи сохтмони ин кумита хабарнигори «Tojnews» бо пой ба рӯйи ронанда барф пошидааст.
Пас аз се рӯзи ин ҳодиса чаҳор тан аз кормандони Бахши мубориза бо ҷароими созмонёфтаи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба идораи хабаргузории «Tojnews» рафта ва талош кардаанд, то Амруллоҳи Низомро бо худ ба идораи ин ниҳод баранд.
Дар номаи хабаргузории «Tojnews» ба Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон (АМРМТ) омадааст, ки бо таваҷҷуҳ ба он ки ин афрод даъватномаи расмӣ надоштанд, раиси хабаргузорӣ ва хабарнигор аз иҷрои тақозои маъмурони пулис сарпечӣ кардаанд.
Кормандони пулис гуфтаанд, ки мақомоти Кумитаи дини Тоҷикистон ба таври лафзӣ аз хабарнигори «Tojnews» ба онҳо шикоят кардаанд.
Саймуддин Дӯстов, муассиси хабаргузории «Tojnews» далели ин амрро ба чопи мақолае бо номи «Ҷарима барои намоз» марбут хонд, ки дар он аз фаъъолияти кормандони Кумитаи дини Тоҷикистон шадидан интиқод шудааст.
Амруллоҳи Низом гуфт, ки рӯзи гузашта бар асоси даъватномаи расмӣ ба Бахши мубориза бо ҷароими созмонёфтаи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон рафта ва дар бораи ҳодисае, ки се рӯз қабл дар Кумитаи дин иттифоқ афтода буд, тавзеҳот навиштааст.
Оқои Низом гуфт, ки баъдан ӯро кормандони пулис ба Кумитаи дин бурдаанд, аммо аз дидори хабарнигор бо раиси ин ниҳод монеъ шудаанд. Кормандони пулис ба хабарнигори «Tojnews» гуфтаанд, ки Кумитаи дин дар садад аст аз ӯ ба додгоҳ шикоят бибарад.
Амруллоҳи Низом гуфт, ки ӯ низ бо дархосте мушобеҳ ба додситонии шаҳри Душанбе муроҷиъа карда ва хостори таҳқиқи ин қазия шудааст.
Ҷумъахон Ғиёсов, муъовини аввали раиси Кумитаи дини Тоҷикистон, гуфт, ки аз ин моҷаро огоҳ аст, аммо аз шикояти Абдураҳим Холиқов, раиси кумита, ба додгоҳ хабар надорад.
Дар ҳамин ҳол, Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон, гуфт, ки ин ниҳод бо созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон шикояти хабаргузории «Tojnews» дар бораи талоши маъмурони пулис барои боздошти Амруллоҳи Низом ва эъмоли фишорҳои Кумитаи дин бар ин хабарнигорро баррасӣ хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол, Соҷида Назарова, мудири кӯдакистони «Санҷобча»-и шаҳри Душанбе ба иттиҳоми ворид кардани латма ба эътибори ӯ аз Абдулло Ашӯров, хабарнигори родиюи «Озодӣ» ба додгоҳи ноҳияи Исмоъили Сомонии пойтахт шикоят бурдааст.
Родиюи «Озодӣ» аз қавли падару модарони кӯдакон дар мавриди ба таври маснӯъӣ боло бурдани ҳаққи моҳонаи кӯдакистон ва бадрафтории кормандон бо кӯдакон гузорише пахш карда буд.
Дар пайи пахши ин гузориш Соҷида Назарова аз симаташ барканор шуда ва ҳамакнун аз тариқи додгоҳ талош дорад, то родиюи «Озодӣ» расман аз ӯ узрхоҳӣ кунад ва барои ворид кардани осеби равонӣ ба миқдори 50 ҳазор сомонӣ ҷарима пардозад.
Дар канори ба додгоҳ кашида шудани хабарнигорон гузоришҳое дар бораи масдуд шудани шабакаи иҷтимоъии «Фейсбук» ва сойти бахши русии родиюи «Озодӣ» пайдо шудаааст.
Зимнан, Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон (CPJ) аз давлати Тоҷикистон барои эъмоли маҳдудият дар дастрасӣ ба сойтҳои бахши русии «Озодӣ» ва шабакаи «Фейсбук» интиқод карда ва ин амрро навъе фишор бар расонаҳои мустақил ва маҳдудияти озодии баён арзёбӣ кардааст.
http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2013/01/130118_mm_tojnews_court.shtml