«Кумитаи 29 сентябр» ба фаъолияти худ поён дод

Эътилофи расонаҳо ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон, ки бештар бо номи «Кумитаи 29 сентябр» маъруф аст, мегӯяд, ки ба далели «бароварда шудани аҳдофаш» фаъолияташро мутаваққиф кардааст.

Ин созмон дар авоили моҳи октябри соли гузашта тавассути сардабирони иддае аз нашрияҳои мустақилли чопи Душанбе ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон таъсис шуда буд.

Исми ин ниҳод аз таърихи рӯзе гирифта шуда буд, ки ба далоили мухталиф нашрияҳои мустақилли “Фараж”, “Пайкон” ва “Нигоҳ” аз чоп бозмонданд ва сойтҳои интернетии “avesta.tj”, “centrasia.ru”, “tjknews.com” ва “fergana.ru” масдуд шуданд.

Ин амр пас аз он сурат гирифт, ки мақомоти Вазорати дифоъи Тоҷикистон аз тариқи телевизиюни давлатӣ нашрияҳои мустақиллро ба иғвоангезӣ ва «ҳамкорӣ бо теруристон» муттаҳам карданд ва фаъолияти нашрияҳоро омили ба ҳолати бӯҳронӣ расондани вазъи низомию сиёсии кишвар хонданд.

Аз ҷумла, женерол Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъи Тоҷикистон, дар як сӯҳбати телевизиюнӣ таъкид кард, ки нашияҳои мустақил «ҳаводиси водии Раштро муғризона мунъакис карда ва аз теруристҳо пуштибонӣ мекунанд.»

Женерол Хайруллоев аз ниҳодҳои додситонӣ даъват карда буд, ки дар қиболи ин гуна нашрияҳо парвандаи ҷиноӣ боз кунанд.

Ҳамчунин, масъулони давлати Тоҷикистон дар мавриди имкони сонсури мӯҳтавои нашрияҳо пеш аз чоп низ ҳушдор дода буданд.

Аъзои «Кумитаи 29 сентябр» ба навбаи худ барои ҳимоят аз озодии баён дар Тоҷикистон зимни як нома ба раёсати ҷумҳурии ин кишвар хостори дидор бо Президент Раҳмон шуданд.

Дар ин нома аз мавориди фаровони фишор бар нашрияҳо ва расонаҳои мустақил, сарпечии чопхонаҳо аз чопи нашрияҳо ва мушкилоти дастрасӣ ба сойтҳои интернетӣ ибрози нигаронӣ шуда буд.

Ҳамчунин, ин ниҳод ба сохторҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва дохилӣ муроҷиъа карда ва дар мусоҳибаҳо бо расонаҳои хориҷӣ мавзӯъи мушкилоти озодии баён дар ин кишварро матраҳ кард.

Ба гуфтаи Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон (АРМТ), масдудияти сойтҳо ва аз чоп бозмондани нашрияҳо эътирозоту интиқодот ва вокунишҳоеро аз сӯйи созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар ва озодии баён ва сафоратҳои муқими шаҳри Душанбе дар пай дошт.

Оқои Қаршибоев гуфт, ки ба дунболи он «ҳалқаи муҳосираи нашрияҳо ва расонаҳои мустақил аз ҷониби ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон суст шуда, нахуст сойтҳои интернетии “avesta.tj” ва “tojnews.tj” фаъол гардиданд ва дар авохири моҳи гузашта чопи нашрияҳои мустақилли “Нигоҳ” ва “Фараж” аз сар гирифта шуд.

Раиси АРМТ таъкид кард, ки ба ин тартиб «Кумитаи 29 сентябр» вазифаи худро иҷро кард ва бо талошҳои ин ниҳод мавонеъ дар роҳи озодии баён дар Тоҷикистон бартараф гардид.

Ҳамзамон, дар баёнияе, ки дар сойти интернетии ин созмон мунташир шудааст, омадааст, ки сойти интернетии ин ниҳод ва пусти электрунияш фаъол буда ва омода аст дар ҳалли масоили марбут ба нақзи ҳуқуқи рӯзноманигорон ба онҳо кумак кунад.

Хуршеди Атовулло, сардабири нашрияи «Фараж», нақши «Кумитаи 29 сентябр»-ро дар рафъи мавонеъи ба гуфтаи ӯ маснӯъӣ дар фаъолияти нашрияҳо ва расонаҳои мустақилли Тоҷикистон муассир арзёбӣ карда ва гуфт, ки барои аввалин бор дар ин кишвар мушкилоти озодии баён бо талошҳои як ниҳоди вижаи хабарнигорон ҳал шудааст.

Оқои Атоулло таъкид кард, ки аз қабл ҳадафи аслии Эътилофи расонаҳо ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон танҳо эътирозу шикоят набуда ва ин созмон барои ҳалли мушкилоти мавҷуда аз роҳҳои гуфтушуниду музокирот бо ниҳодҳои зирабти давлатии Тоҷикистон талош мекард.

Зимнан, дар феҳристи ҷадиди созмони байналмилалии Гузоришгарони Бидуни Марз Тоҷикистон дар соли 2010 дар заминаи озодии баён ду зина пойин рафта ва дар мақоми 115-ум ҷой гирифтааст.

Дар гузориши ин созмон, далели ин амр ба фишорҳои мақомоти ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон бар расонаҳо ва нашрияҳои мустақил дар ду соли гузашта марбут хонда шудааст.

Коршиносон мегӯянд, феҳристи Гузоришгарони Бидуни Марз дар бораи вазъи озодии баён дар кишварҳои ҷаҳон вазъияти озодии баён аз моҳи сентябри соли 2009 то сентябри 2010-ро дар бар мегирад.

Дар ин гузориш мавориди таҳдиду даъвоҳои мақомоти вазорати дифоъи Тоҷикистон бо нашрияҳои мустақил дар мавриди бозтоби даргириҳои водии Рашт ва масдуд шудани сойтҳои интернетию мутаваққиф шудани чопи нашрияҳои мустақил шомил нашудааст.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2011/01/110105_mm_tajik_press.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *