Бо дастгирии Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии кишвар як гурӯҳ журналистон аз расонаҳои кишвар ва ҷавонон бо мақсади бештару беҳтар таблиғу ташвиқ ва муаррифии имкониятҳои туристии мамлакат ба вилояти Хатлон сафар кардаанд.
Ин сафар дирӯз, 14-уми март оғоз гардида, то 23-юми март давом хоҳад ёфт. Дар ин ҳайати ин гурӯҳ рӯзноманигорон аз расонаҳои «Ҷумҳурият”, «Минбари халқ”, «Садои мардум”, «Азия плюс”, «Озодӣ”, «Фараж”, «Бадахшон”, «Оинаи зиндагӣ”, «Импулс”, «Қалам”, «Телевизиони Бадахшон” ва «Ҷавонони Тоҷикистон” шомил буда, тайи ин рӯҳо аз шаҳру ноҳияҳои Қурғонтеппа, Ҷилликул, Шаҳритус, Қубодиён, Норак, Балҷувон, Темурмалик, Муминобод, Ховалинг, Данғара, Восеъ, Кӯлоб, Носири Хусрав ва Шамсиддини Шоҳин дидан хоҳан кард.
Ин тасмим минбаъд низ дар дигар вилоятҳои ҷумҳурӣ амалӣ карда мешавад. Дар назар аст, ки ин гурӯҳ пас аз анҷоми сафар ба вилояти Хатлон ба вилояти Суғд сафар кунанд.
http://faraj.tj/news/12732-korvoni-zhurnaliston-ba-hatlon-safar-kard.html