[b]Вақтҳои охир латукӯби чеҳраҳои шинохтаи кишвар, журналистону адибон дар кӯчаву хиёбонҳо аз ҷониби шахсони номаълум зиёд мушоҳида мешаванд. Ҳодисаҳои ахир — латукӯби хабарнигори телевизиони «Сафина» Далер Шарифов, Салим Шамсиддин — раиси ҷамъияти узбактаборони вилояти Хатлон ва нависандаи шинохтаи тоҷик Равшани Ёрмуҳаммад омили он гардидааст, ки сари ин мушкил андеша карда шавад.[/b]
Перомуни ин ҳодисаҳо мо бо журналист ва коршиноси минтақавии вилояти Суғд Тилав Расулзода чунин ибрози назар кард:
-Дар мавриди латукӯби аҳли назар, яъне қаламкашон, шоирон, нависандагон ва журналистон чунин метавон гуфт, ки ҷомеаи мо то ҳол фарҳанги муколама ва таҳаммулпазирӣ ташаккул наёфтааст. Яъне фарҳанги палерантӣ, яъне мо ба андешаи ғайр, андешае, ки мухолиф бо андешаи мо аст, назари нек надорему таҳаммул карда наметавонем. Аз ин рӯ, бинед, ки боре аввал нест, ки журналистонро латукӯб мекунанд, танҳо ба хотири андешааш, ки андешаи ӯ ғайриқолабӣ буда, ба андешаи ӯ созгор нест.
Инчунин, сабаби зери латукӯб мондани аҳли назар дар он аст, ки мақомоти қудратӣ ва интизомии мо саривақт омилони ин латукӯбро дастгир ва ба муҷозот намекашанд. Ин як силсила аст, ки шурӯъ мешавад аз латукӯби Раҷаби Мирзо, Хуршеди Атовулло, Ҳикматулло Сайфуллозода. Имсол бинед, ки чандин нафар латукӯб шуданд, аз ҷумла, ҳодисаи охир, ки хабарнигори телевизиони «Сафина» ва дигарон. Бинобар ин, ман фикр мекунам, ки агар омилони ин латукӯбҳо боздошт шаванд ва тавассути ВАО ба мардум ва ба ҷаҳониён эълон шавад, дар он сурат ин ҳодисаҳо кам мешаванд, — афзуд Тилав Расулзода.
Аз ҷониби дигар, ин латукӯбҳо ҳама дар маҷмӯъ ба имиҷи байналмилалии Тоҷикистон сахт латма ворид мекунад, яъне зарбаи сахт мерасонад, зеро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва муосир озодии сухан, муқаддас аз ҳама озодиҳост. Ба озодии сухан хеле арҷ мегузоранд ва дар ҷомеаи демократӣ яке аз арзишҳои асосӣ аст. Аз ин рӯ, вақте ки мешунаванд дар Тоҷикистон як хабарнигорро латукӯб карданд ва ё ба ӯ озор расонидаанд, ин, албатта, дар маҷмӯъ арзёбӣ мешавад, ки ба фаъолияти мақомоти кунунии Тоҷикистон, ки чаро онҳо иҷозат доданд журналистон латукӯб шуданд ва чаро то ҳол, масалан, омилони ин латукӯбҳо муайян нашудааст?
Ва ман фикр мекунам, ки мақомоти қудратии Тоҷикистон ин чизро, шояд, акнун дарк карда истодаанд ва, шояд, омилони латукӯбҳои охир боздошт ва эълон шаванд, то ки аз латукӯбҳои дигар ҷилавгирӣ шавад.
Ҳамчунин, инро бояд қайд кард, ки вилояти Суғд як ҷузъи Тоҷикистон аст, ва ҳар он чизе, ки дар пойтахт мешавад, ҳатман, шамолаш ба Шимоли Тоҷикистон ҳам омада мерасад. Дар вилояти мо ҷангҳои лафзӣ, таҳдидҳо ҳастанд. Ва азбаски хабарнигорони озод дар вилоят камтаранд, ин ҳодисаҳо камтар ба вуқӯъ меоянд. Вале ин маънои онро надорад, ки журналистони вилояти Суғд аз ин чиз эъмин бошанд. Бояд ҳам аз ҷониби журналистон ва ҳам мақомоти қудратӣ ва интизомї чораҳо андешида шаванд, то ки ҳамин ҳодисаҳо дар вилояти мо низ такрор нашаванд. Ғайр аз ин, ман бори дигар таъкид мекунам, ки ин ҳодисаҳо ба маҳал марбут нестанд. Яъне ин ба як тенденсия табдил ёфтааст, ки оқибатҳои хуб надорад. Зеро, вақте ки омилони ҳамин латукӯбҳо муҷозот намешаванд, дигарон аз ин неру мегиранд ва ҳар касу нокас ҳар вақте, ки хоҳад, ба ҳар шахси дилхоҳаш метавонад озор расонад,- мегӯяд Тилав Расулзода.
Моҳирахон ХОҶАЕВА, TojNews
Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=25534