Коршинос: “Агар даъвогар дар мурофиаи додгоҳӣ ноком гардад, бояд лаҳзае дар мансаби хеш боқӣ намонад”

[b]Тавсияҳои Ҳамоиши ҷумҳуриявии «Озодии баён ва сарнавишти ВАО-и мустақил дар Тоҷикистон», ки ахиран интишор ёфт, баёнгари он нукта аст, ки воситаҳои ахбори ҷумҳурӣ дар талоши дарёфти ҳақу ҳуқуқҳои худ барои дарозмуддат гомҳои устувор мегузоранд. Ин тавсияҳо дар ҷараёни ҳамоиши 115 нафар роҳбарони созмонҳои журналистӣ, воситаҳои ахбори чопиву электронии давлатӣ ва мустақил, коршиносони соҳа, намояндагони ташкилотҳои байналхалқӣ ва журналистон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ дар пойтахти кишвар, ки аввали моҳи май доир гардида буд, таҳия шуд. Вале аз назари баъзе собиқадорони матбуоти кишвар тавсияҳо ҳамоно таҳрир мехоҳанд ва бояд дар шакли комилтар аз ин мавриди қабул қарор гиранд. Аз ҷумла, Насибҷон Амонӣ, журналисти тоҷики муқими Алма-Ато, дорандаи ҷоизаи Иттиҳоди журналистони Қазоқистон таҳияи тавсияҳоро ташаббуси наҷиб медонад ва мегӯяд, онро боз ҳам бояд комил сохт.[/b]

— Баргузор шудани ҳамоише бо номи «Озодии баён ва сарнавишти воситаҳои ахбори оммавӣ ё расонаҳои мустақили гурӯҳӣ дар Тоҷикистон» моро умедвор месозад, ки дар кишварамон воқеан чунин расонаҳои мустақил ба маънии томи вожа фаъолият кунанд. Тавсияҳое, ки дар ин росто ба миён гузошта шудаанд, низ барои расидан ба ин ҳадаф мусоидат хоҳанд кард. Дар ин тавсияҳо дуруст таъкид гардидаст, ки як зумра дастурҳои раиси ҷумҳур ва ҳукумат барои озодтар кардани фаъолиятҳои журналистон ва аз байн бурдани саддҳои дар қонунгузорӣ вуҷуддошта ба суди расонаҳои мустақил ва дар маҷмӯъ ба манфиати ҷомеа аст. Ҳамчунин, пешниҳод дар бораи омӯзиши таҷоруби кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон мисли ИМА, Олмон, Укроин ва ғайра дар мавриди танзими истифодабарии Интернет ва вокуниш ба он имкон хоҳад дод расонаҳои мустақили гурўҳии мо дар роҳи расидан ба озодии ҳақиқии хеш гоме ба пеш гузоранд. Вале, ба назари инҷониб, баъзе воқеиятҳои имрӯзӣ аз назар дур мондаанд, ки агар ба онон низ таваҷҷўҳ мешуд, ба суди кори расонаҳои мустақил мебуд.

Нахуст, дар тавсияҳо аз он изҳори нигаронӣ карда шудааст, ки вақтҳои ахир бисёр нашрияҳои мустақил бо сабабҳои гуногун ба додгоҳ кашида шудаанд ва баъзе даъвогарон аз нашрияҳо товонҳои ҳангуфтеро талаб кардаанд ва ҳамзамон пешниҳод кардаанд, ки ҳаҷми аксари ин товон бояд мушаххас карда шавад. Ин ҷо бо такя ба таҷрибаи кишварҳои пешрафта ва риояти орият ва ҳайсияти тоҷикӣ бояд нуктаи дигарро низ таъкид намуд. Ба гунаи рӯшан дар кишварҳои пешрафта, ки он ҷо расонаҳо як рукни ҳокимият маҳсуб мегарданд, агар мансабдор қонуншикание ё хилофкорие карда бошаду аз ҷониби расонае зери интиқод қарор гирад, ӯро ду роҳ пеш меояд: яке, агар ба бегуноҳии худ бовар дошта бошад, он расонаро ба додгоҳ кашидан ва худро, ба истилоҳ, сафед кардан ва дигаре, ба истеъфо рафтан. Вале дар Тоҷикистони азизи мо мансабдорон на танҳо ба навиштаи интиқодии расонаҳо таваҷҷўҳе намекунанду ба истилоҳ, «пӯсти ману табари қассоб» мегӯянд, балки ҳатто баъди ба додгоҳ кашида шудани расона ва таъйид нагардидани даъвояшон ҳамоно, гӯё ҳеч чизе нашуда бошад, дар мансаби хеш боқӣ мемонанд ва касе ҳам талаб намекунад, ки эй фалонӣ, ориятат куҷост, дигар ту ҳақи дар ин мансаб будан надорӣ. Ба назари мо, агар даъвогар дар мурофиаи додгоҳӣ ноком гардад, ӯ бояд лаҳзае дар мансаби хеш боқӣ намонад. Ин нукта бояд дар тавсияҳо илова мегардид.

Ҳамчунин, ба ҳамагон рӯшан аст, ки яке аз роҳҳои рушди ҷомеа ва таъмини озодиҳои инсон даст ёфтан ба озодии комили расонаҳои мустақил аст. Зеро озодии ҳақиқии инсонҳо дар ҷомеае муяссар мегардад, ки он ҷо расонаҳояш озод ва танҳо дар назди додгоҳ ҷавобгӯ бошад. Вале дар Тоҷикистон бидуни ҳукми додгоҳ ба фаъолияти расонаҳо дигар ниҳодҳо таъсири манфӣ мерасонанд, ки ин қобили таҳаммул нест. Сониян, дар Тоҷикистон ҳамоно худсензураи журналистон идома дорад ва он тарсу ваҳме, ки нимаи солҳои 90 дар кишвар ҳукмрон буд, ҳоло ҳам аз байн нарафтааст ва ҳамоно расонаҳо наметавонанд дар бораи тамоми бахши ҷомеаи кишвар, ба истилоҳ, чи шоҳу чи гадо матлаб дарҷ намуда, камбудии ононро нишон диҳанд. Модоме ки чунин худсензур вуҷуд дорад ва журналистон ҳоло намояндаи ҳокимияти чорум будани худро пурра эҳсос накардаанд, наметавон гуфт, ки мо имрӯз дар Тоҷикистон расонаҳои мустақил дорем. Ағлаби расонаҳои имрӯзии Тоҷикистон, агар чунин гуфтан ҷоиз бошад, нимамустақиланд. Дар ҳоле ки расонаҳо бояд ё озод бошанд ва ё ноозод. Ҳарчанд дар Тоҷикистон баъзан табли шодӣ мезананд, ки дар масъалаи озодии баён мо дар минтақа дар яке аз мақомҳои аввал ҳастем, вале воқеият чунин нест ва мо дар ин маврид аз ҷумҳуриҳои Қирғизистону Қазоқистон, ки нашриҳояшон — чи ҳизбиву мустақил, ҳама қишри ҷомиа, ҳатто раиси ҷумҳур ва дастгоҳи ӯро озодона интиқод мекунанд ва камбудиҳои ононро бебокона нишон медиҳанд, дар ҷойи пойин ҳастем. Агар мо ҳам чун дар он кишварҳои ҳамсоя ба чунин озодии баён бирасем, расонаҳои мустақили мо ҳам метавонанд худро боифтихор мустақил бигӯянд ва рисолати хешро, ки хидмат ба ҷомеа, пешрафти он ва таъмини озодиҳои инсон аст, сарбаландона иҷро кунанд.

Аз ин хотир, дар мавриди аз байн бурдани рӯҳияи аз даврони ҷанг боқимондаи худсензорӣ ва расонидани ҳама гуна иттилоъ, ки ба ҳама қишри ҷомеа — чи мансабдорони сатҳи олӣ ва мардуми одӣ марбут аст, ба назари мо, бояд нуктаҳое ба тавсияҳо шомил мегардид, ки барои расидан ба озодии баён ва беҳтар кардани сарнавишти он дар Тоҷикистон мусоидат мекард.

Фирўзи МУҲАММАД

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=25535

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *