Хабарнигорони ҳафтаномаи “Дӯстлик”, ягона ҳафтаномаи узбекзабон дар Хатлон гуфтаанд, ки аз ин баъд агар инттилооти барои ҳафтанома муҳимро аз мақомот пайдо карда натавонистанд, ба онҳо дархост пешниҳод мекунанд.
Дар мавриди омода сохтан ва пешниҳоди дархост намояндагони Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо кормандони эҷодии ҳафтаномаи “Дӯстлик” як мулоқоти корӣ анҷом додаанд, ки ҳадаф дастгии ҳуқуқӣ ба хабарнигорон мебошад.
Дар ин мулоқот Раҳмоналӣ Давлатов, ҳуқуқшиноси Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон дар вилояти Хатлон вобаста ба фаъолияти хабарнигорон машваратҳои ҳуқуқӣ додааст.
Ҳафтаномаи “Дӯстлик” ҳафтаномаи сирф узбекзабон буда, бештар аз ҳаёти духтурон, кишоварзони узбектабори Хатлон ва ҷаласаҳои ҳукумати вилоят хабару гузоришҳо интишор мекунад.
Хабарнигори хадамоти мониторинги АМВАОМТ.