Корикотурҳои сиёсии Парвиз Расулов

Парвиз Расулов, низомӣ ва корманди собиқи пулиси Тоҷикистон, ки аз давлати Омрико дархости паноҳандагии сиёсӣ карда, аз маъдуд корикотурнависҳои сиёсист, ки осори худро бештар дар Фейсбук мунташир мекунад.

Ӯ, ки солҳои тӯлонӣ дар сохторҳои қудратии Тоҷикистон, аз ҷумла ҳамчун намояндаи вазорати дифоъи ин кишвар дар Фармондеҳии марказии Омрико адои вазифа мекард, мегӯяд, ки ду сол қабл наметавонист худро ба унвони як мухолифи давлат тасаввур кунад.

Оқои Расулов дар замони ҷанги дохилӣ узви Ҷабҳаи халқ (Фронти халқӣ) буд — ташаккуле, ки дар амри ба қудрат расондани Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури феълӣ, нақши боризе дошт. Ӯ мегӯяд, ки аз ду сол пеш ба ин сӯ дар эътироз ба масоили мухталифе дар Тоҷикистон ба корикотурнависӣ пардохтааст.

Дар посух ба ин суол, ки чаро ӯ маҳз жонри корикотурро интихоб кардааст, оқои Расулов гуфт: «Ман қаблан ҳам корикотур месохтам, аммо камтар, вале соли гузашта, изҳороти хандадори Бек Зуҳуров, раиси Идораи иртиботот, маро водор кард, ки бештар корикотурҳои сиёсӣ кашам.»

Дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Расулов як силсила корикотурҳое дар ин мавзӯъ низ таҳия кардааст. Дар олбуми корикотурҳои зер ӯ ба мавзӯъоте мисли шиканҷа, озодии баён ва фасод низ пардохтааст:

http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2013/08/130806_sq_political_caricatures_parviz_rasulov.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *