Конфронси сафорати Амрико дар Тоҷикикстон

Дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе 28-29 ноябри соли ҷорӣ панҷумин Конфронси хатмкунандагони барномаҳои сафорати Амрико дар Тоҷикистон, баргузор гардид.

Дар ҷараёни конфронс Дуглас Ҷонстон, роҳбари шӯъбаи кор бо аҳли ҷомеаи Сафорати ИМА дар Тоҷикистон, баромад карда гуфт, ки дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор хатмкунандаи барномаҳои Сафорати Амрико бо ихтисосҳои гуногун фаъолият мекунанд.

-Ин хатмкунандагон аз рӯи барномаҳои мубодила ба ИМА сафар карда, баҳри ободии мамлакати худ баъди бозгашт, хидмат карда истодаанд. Мақсад аз баргузор намудани конфронс ин боз ҳам такмил додани табодули назар ва омӯзиш мебошад. Умедворам, ин конфронс барои пайдо шудани идеаҳои нав, баҳри рушди ҷомеа кӯмак хоҳад кард-иброз дошт Дуглас Ҷонстон.

Муҳайё Нозимова, яке аз хатмкунандаҳои барномаи IVLP ва баргузоркунандаи ин конфронс, гуфт ҳар сол дар конфронс беш аз 100 нафар хатмкунандагони барномаҳои сафорат аз манотиқи гуногуни Тоҷикистон ширкат мекунанд. Мақсади конфронс ҳам ин аст, ки мо хатмкунандагон тавонем байни ҳамдигар табодули назар карда, барои таҳрезии лоиҳаҳои нав замина гузорем.

Бояд гуфт, ки дар доираи конфронс хатмкунандагони барномаҳои сафорат, мавзӯҳои «Дин ва таҳаммулнопазирӣ: пешгирии фундаментализм ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои ҷамъиятӣ дар байни ҷавонон», «Чӣ тавр ҷавононро ба илм ҷалб кард», «Ҳуқуқи ҷавонон: мушкилоти тарбияи ҷавондухтарон», «Истифодаи технологияи инноватсионӣ барои васеънамоӣ ва пешбурди ҳуқуқҳо ва имкониятҳои ҷавонон», «Этикаи касбии журналистӣ дар Амрико ва Тоҷикистон» ва «Таъсиси насли ҷадиди соҳибкорон дар Тоҷикистон»,-ро мавриди баррасӣ карданд.

Мувофиқи маълумоти намояндаи Сафорати ИМА дар Тоҷикистон, барои хатмкунандагони барномаҳои сафорат, махсус барномаҳои грантӣ, дар як сол ду мартиба фароҳам оварда шудааст, ки аз 3 то 5 ҳазор долларро дар бар мегирад. Хатмкунандагон метавонанд баҳри ободии кишвар бо лоиҳаҳои мушаххаси худ дар барномаи грантӣ ширкат варзанд.

Хатмкунандагони фаъол, ки якчанд лоиҳаҳои худро барои рушди Тоҷикистон пиёда кардаанд, бо сертификатҳои фахрӣ қадрдонӣ шуданд.

Фарангис Набиева

http://faraj.tj/news/7286-konfronsi-saforati-amriko-dar-to1207ikikston.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *