Конфронс дар мавзӯи мушкилоти журналистикаи чандрасонаӣ

5-уми декабр дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Конфронс дар мавзӯи “Матбуоти даврӣ ва журналистикаи чандрасонаӣ: мушкилот ва дурнамо” баргузор мегардад.

Дар конфронс муҳимтарин масоили матбуот дар шароити ташаккули журналистикаи чандрасонаӣ, аз қабили муаммоҳои таъсири мутақобилаи сомонаҳои интернетӣ ба нашрияҳои чопӣ, мушкилоти чандрасонаӣ барои рӯзноманигорон ва ғайра муҳокима хоҳад шуд.

Макон: Шаҳри Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, бинои 10, факултети журналистикаи ДМТ.

 

http://www.tojnews.tj/tj/news/anons-konfrons-dar-mavzui-mushkiloti-zhurnalistikai-chandrasonai

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *