КОНФРОНС ДАР БОРАИ РАСОНАҲОИ ЭЛЕКТРОНӢ

Факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Мушкилоти васоити электронии ахбор (ВЭА) ва дастрасӣ ба он” конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор мекунад.

Дар конфронс  масъалаҳои марбут ба фаъолияти ВЭА-и кишвар ва бурду бохти онҳо дар замони истиқлолият, мушкилоти озодии баён дар ВЭА, омодасозии кадрҳои баландихтисоси журналистӣ барои ВЭА ва ғайра мавриди муҳокима қарор хоҳанд гирифт.

Конфронс бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ баргузор гардида, хоҳишмандон метавонанд барои иштирок дар кори конфронс бо нишон додани унвони маърӯза то 15-уми ноябр ба кумитаи тадорукот муроҷиат кунанд.

Макон: шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, бинои 11.

Барои маълумоти бештар ба масъулини конфронс муроҷиат кунед:

Саъдӣ Маҳдӣ-918679264

Илҳомҷон Ҳамидов-919708170

http://tojnews.org/anons-konfronsi-jumhuriyavii-mushkiloti-vea

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *