Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот ба баргузории интихоботи парлумонӣ дар кишвар, ки 1 марти соли 2015 таъйин гардидааст, дастурамал баровард.
Дар ин бора субҳи имрӯз аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба Fаraj.tj иттилоъ доданд.
Дастурамали мазкур масъалаи иштироки намояндагони васоити ахбори омма дар интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳоро дар бар мегирад.
Дастурамал бо теъдоди 25 000 дар нашриёти «Шарқи Озод» бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ зери таҳрири умумии Шермуҳаммад Шоҳиён -раиси КМИР мунташир гардидааст. Он тартиби иштироки намояндагони ВАО-ро дар интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳо муқаррар менамояд.
http://faraj.tj/news/7544-kmir-baroi-vao-dasturamal-chop-kard.html