КМИР ба эроду пешниҳодҳои журналистон гӯш медиҳад

Комиссияи марказии интихобот в араъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон имрӯз барои журналистоне, ки маъракаи интихобот ба палатаи поёнии парлумонро инъикос мекунанд, як мизи гирд барпо мекунад.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар вохӯрӣ бо ҳузури ҳамаи аъзои КМИР-и ҷумҳурӣ пешниҳоду эродҳои кормандони васоити ахбори умум дар робита ба маъракаи интихоботи парлумонии ба санаи 1-уми март таъингардида шунида мешаванд.

«Дар навбати худ, раҳбарияти КМИР ба рӯзноманигорон дар бораи ҷараёни омодагӣ ба интихоботи мазкур маълумот медиҳад», — иброз дошт номбурда.

Зимнан зикр гардид, ки дар кори мизи гирд таваҷҷуҳи намояндагони ВАО бештар ба масоили иҷрои меъёрҳои КМИР Тоҷикистон оид ба иштироки намояндагони ВАО дар интихобот ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вилояту шаҳр ва ноҳияҳову ҷамоатҳо ҷалб хоҳад шуд, ки дар он ҳуқуқ ва вазифаҳои журналистон дар интихобот муайян карда шудааст.

http://news.tj/tj/news/kmir-ba-erodu-peshni-od-oi-zhurnaliston-g-sh-medi-ad

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *