[b]Нашрияи «Фараж» ба даъвати НАНСМИТ барои кӯмаки моддӣ ба аъзои оилаи журналисти боздоштшуда — хабарнигори «Нури зиндагӣ» Маҳмадюсуф Исмоилов ҳамроҳ гардида, ба аҳли оилаи журналист ба маблағи 250 сомонӣ кӯмак расонид. Дар ин бора ба TojNews сардабири ҳафтаномаи «Фараж» Хуршеди Атовулло иттилоъ дод.[/b]
Ба изҳори ӯ, маблағро намояндаи нашрия дар вилояти Суғд ба ҳамсари Маҳмадюсуф Исмоилов — Гулсуной Маҳкамова супорид. Ҳамчунин, хабарнигори нашрия Раҳима Аъзамзода (Бобоева) аз ҳисоби шахсиаш ба маблағи 200 сомонӣ ба ин маърака ҳиссагузорӣ кард, ки ин маблағ тавассути намояндаи НАНСМИТ ба аҳли хонаводаи журналист расонида мешавад.
Таври маълум, журналисти тоҷик Маҳмадюсуф Исмоилов барои маводи танқидиаш нисбат ба кормандони ҳукумати ноҳияи Ашт айни замон дар боздоштгоҳи муваққатии ин ноҳия аст ва мурофиаи судӣ тибқи даъвои мансабдорон алайҳи журналист идома дорад.
Ташкилотчии аксияи кӯмак ба хонаводаи рӯзноманигор — раиси НАНСМИТ Нуриддин Қаршибоев мегӯяд, ки мақсад аз ин иқдом пеш аз ҳама ҷонибдорӣ аз ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба иттилоот ва истифода аз ахбори омма буда, ҳамрайъӣ ба ҳамкасби худ аст, ки имрӯз дар маҳбас асту барои навиштаҳояш таҳти таъқиби мақомот қарор гирифтааст.
— Мо муроҷиат кардем ба ҳамаи онҳое, ки барояшон ҳуқуқу озодиҳои инсон арзиши боло дорад. Гуфтем, барои касоне, ки озодии баёну журналистикаи шаҳрвандӣ як арзише дорад, метавонанд дар ин иқдом ишгтирок кунанд. Лек аксари маблағҳо аз номи рӯзноманигорон ва коллективҳои эҷодӣ ворид шудаанд,- мегӯяд ӯ.
Ба изҳори Нуриддин Қаршибоев, аз оғози эълони ин аксияи ҳамдастӣ барои кӯмаки хонаводаи журналист 2 ҳазору 757 сомониву 50 дирам пул ҷамъ шудааст.
Нуриддин Қаршибоев мегӯяд: «Аз рӯзи 10-уми ҳамин моҳ аксия давом дорад. Азбаски намояндаи «Фараж» дар минтақа буд, мо маслиҳат кардему ӯ бевосита бурда, маблағи кӯмакро ба оилаи Исмоилов супурд. Мо ин ҳафта ҳам агар маблағ ҷамъ кунем, баъд ҳамашро якҷо карда, бо рӯйхати номи нафарони кӯмакрасон як ҳайат бурда ба оилаи Маҳмадюсуф месупорем».
Ногуфта намонад, ки ин иқдом аз ҷониби ҳамқаламони бурунмарзӣ низ ҷонибдорӣ пайдо кардааст. Аз ҷумла муассиси медиахолдинги «ТаджИНФО» дар шаҳри Маскав Муҳаммади Эгамзод аз аввалин нафароне будааст, ки ба оилаи Маҳмадюсуф Исмоилов дар ҳаҷми 100 доллар маблағ кӯмак ирсол кардааст.
Тавре Хуршеди Атовулло изҳор медорад, Ассотсиатсияи журналистии Медиа-Алянси Тоҷикистон ҳам барои саҳмгузорӣ дар ин кор айни замон дар садади ҷамъоварии маблағ аз аъзоёни созмон аст.
Мушкинисо АСОЗОД
Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=15348&Itemid=30