Муовини президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Кароматулло Олимов дар посух ба суоли хабарнигори Оҷонси иттилотии TojNews дар бораи мавқеи академия нисбати қазияи Олга Тутубалина, муҳаррири «Азия-Плюс» ва Иттиҳодияҳои эҷодии Тоҷикистон гуфт: «Журналист зиёиёни тоҷикро таҳқир кардааст».
Вай гуфт, он меъёри ахлоқие ки дар Ғарб қабул шудааст, барои ахлоқи шарқии мо қабул нест. Кароматулло Олимов афзуд, калимае ки ин журналист истифода намудааст, хоҳ аз Ленин бошад ё каси дигар, барои зиёӣ таҳқир аст.
«Мо Олга Тутубалинаро ҳамчун журналисте, ки ба масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ даст мезанад, эҳтиром мекунем ва матлабҳои ӯро қабул дорем, аммо дар мавриди ин ки, зиёиёнро наҷосат номид, нисбати худамон таҳқир медонем!» — гуфт муовини президенти Академияи илмҳо.
Инчунин, вай аз мавзеъгириҳои баъзе сиёсатшиносон ва рӯзноманигорон, ки журналистро ҳимоя мекунанд, нигаронӣ намуд.
«Тарафдорони Олга Тутубалина, ба мисли Парвиз Муллоҷонов, навиштаанд, ки журналист дар матлабаш номи мушаххасеро наовардааст, аммо ин фикри нодуруст аст ва гуфтаниам, ки Раёсати академия ба фикри онҳое, ки ин корро маҳкум кардаанд, мувофиқ аст».
Ёдрас мешавем, моҳи май дар «Азия-Плюс» мақолае бо номи «Ғайризиёиёна дар бораи зиёиён» («Неинтеллигентно об интеллигенции») ба нашр расид.
Олга Тутубалина дар матлабаш роҷеъ ба бозгашти шоири тоҷик Бозор Собир ба Ватан суханони Ленин, асосгузори давлати Шӯравиро, мисол меовард, ки гуё зиёиёнро наҷосат меномид.
Ҳафтае қабл Иттифоқи нависандагон, Иттифоқи оҳангсозон, Иттифоқи меъморон, Академияи илмҳои кишвар бо аризаи даъвогӣ ба Суди иқтисодии шаҳри Душанбе муроҷиат кардаанд. Иттиҳодияҳои эҷодии Тоҷикистон дар мақолаи Тутубалина таҳқири зиёиро дидаанд, вале муаллиф мегӯяд, вай бо овардани иқтибос аз Ленин касеро таҳқир накардааст ва ақидааш дар бораи зиёиён низ дигар нашудааст.
Кароматулло Олимов дар бораи он, ки чаро маҳз ба Суди иқтисодӣ шикоят бурдаанд, чизе нагуфт.
http://www.tojnews.org/kaomatullo-olimov-tutubalina-moro-tahqi-kard