«К+» ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОНРО АЙБДОР КАРД

Роҳбарияти шабакаи моҳвораии телевизиони «К+»-и Қазоқистон Ҳукумати Тоҷикистонро ба қатъи барномаҳои ин шабака дар ҳудуди Тоҷикистон айбдор карда, гуфтааст, ин қазия ба барномаҳои Додоҷон Атовуллоев рабт дорад. 

Роҳбарияти ин шабака гуфтааст, маҳз Ҳукумати Тоҷикистон ба қасди маҳдуд кардани тамошои барномаҳои журналисти мухолифи тоҷик Додоҷон Атовуллоев дар ин шабака мавҷи «К+»-ро дар қаламрави ин кишвар  халалдор месозанд.

Дар изҳороти роҳбарияти ин шабака, ки субҳи имрӯз,5-уми июл пахш шуд, гуфта мешавад, аз 2-юми июли соли ҷорӣ сигнали шабакаи телевизиони «К+» дар моҳвораии HotBird (13*) қисман халал меёфт ва аз 4-уми июл дар ҳудуди Тоҷикистон пахши он пурра қатъ шудааст.

— Ин амалҳо наметавонанд бе супориши мақомоти расмии кишвар сурат гиранд, — гуфта мешавад дар ин изҳорот.

Ҳамчунин, дар ин изҳорот макони эҳтимолӣ, ки аз он ҷо ба мавҷи моҳвора халал ворид шудааст, ном бурда мешавад.

Ба гуфтаи муаллифони изҳорот, ин кор имкон дорад тариқи антеннаҳои Кумитаи радио ва телевизион, ширкати «Телерадиоком», пойгоҳи назди деҳаи Орзуи ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон сурат гирифтааст.

Роҳбарияти «К+» ин иқдомро ғайриқонунӣ унвон карда, аз ҷомеаи байналмилалӣ ва ҳукуматҳои тамоми кишварҳоро даъват кардааст аз нақзи озодии баён ва монеасозӣ ба пахши сартосарии иттилоот пешгирӣ кунанд.

Тӯли се рӯз аст, ки намоиши барномаҳои телевизионии «К+» тариқи моҳвора дар дохили Тоҷикистон дубора масдуд шудааст.

Бино ба гуфтаи коршиносон, барои кишваре мисли Тоҷикистон масдуд кардани мавҷи як шабакаи моҳвораӣ кори як рӯзу ду рӯз нест ва сарфу хароҷоти зиёдро талаб дорад.

Саъдулло Сафаров, муҳандиси Шабакаи «Телерадиоком»-и Тоҷикистон, гуфта буд, «барои таҷҳизонидани чунин дастгоҳҳое, ки мавҷро дар фазои як кишвар қатъ кунад, садҳо ҳазор доллар маблағ сарф мешавад. Ҳамзамон, мутахассиси варзидае дар ин соҳа лозим аст, ки тавонад ба моҳвора “вирус” фиристад. То ҷое ман медонам, мо дар Тоҷикистон чунин имкониятро надорем.

— Барои мисол, дар ин шабака ман метавонам чунин кореро анҷом диҳам, вале амалан мо ин корро накардаем, зеро барои анҷом додани чунин корҳо таҷҳизоти заруриро дар дохили шабака надорем.

Вай гуфт: «Чин ва Эрон дар ин самт таҷрибаи зиёде доранду техника низ дар ин кишварҳо пеш рафтааст.

— Тоҷикистон ва ҳар давлати дигаре ҳам метавонанд, ки пахши дилхоҳ шабакаро аз беруни кишвар тавассути дастгоҳҳои махсус қатъ кунанд ва барои ин корро кардан низ ҳам пули зиёде масраф хоҳад шуд. Бо ин усул, агар шабакаи телевизионие аз моҳвора қатъ карда шавад, тамошои он дар тамоми кишвар ғайриимкон мегардад».

Дар ҳамин ҳол, Асомиддин Атоев, раиси Ассотсиатсияи интернет-провайдерони Тоҷикистон, гуфт, чунин имконият дар Тоҷикистон вуҷуд дорад.

— Шояд, имконияти техникии масдуд кардани барои мисол «К+» дар Тоҷикистон набошад, шояд, бошад. Мо ин чизро дақиқ гуфта наметавонем. Аммо имкони масдуд кардани пахши барномаҳои он тавассути оператори моҳвора ҳаст.

Сомонаи интернетии телевизиони Ютуб низ дар баробари шабакаи «К+» баъди интиқоди он, ки тӯйи бодабдабаи хонадоршавии Рустами Эмомалӣ, писари президенти Тоҷикистон, дар шарҳи журналисти мухолифи тоҷик Додоҷон Атовуллоев пахш шуд, дар ҳудуди Тоҷикистон дастнорасанд.

http://tojnews.tj/K%2B-hukumati-tojikistonro-ba-qat%27i-barnomahoyash-aybdor-kardaast

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *