КӮШИШИ ПЕШГИРӢ АЗ ГУРУСНАНИШИНИИ САФВАТ БУРҲОНОВ

Акрами Санг, рӯзноманигори тоҷик, ба ҷомеаи журналистии тоҷик пешниҳод кардааст, то бо роҳи ҳалли мушкили молии Сафват Бурҳонов, рӯзноманигори маъруф, ки беш аз як ҳафта даст ба гуруснанишинӣ задааст, аз эътирози сиёсии ҳамкасбаш пешгирӣ кунанд. 

Вай дар саҳфааш дар Шабакаи иҷтимоии Фейсбук навиштааст, Сафват Бурҳонов, аз соҳиби хонае, ки иҷоранишин аст, қарздор ва бемор аст, бинобар ин гуруснашинӣ роҳи ҳалли ин мушкили рӯзноманигор нест, балки метавонад вазъи сиҳатии ӯро бадтар кунад.

“Бояд Сафват гуруснанишиниро қатъ кунад, зеро ин роҳ — роҳи наҷот нест ва ҳам ин роҳ метавонад моро аз Сафват ва Сафватро аз мо абадан ҷудо кунад. Бе ин ҳам, ин 8-9 рӯз нишон дод, ки аз гуруснанишинии Сафват касе парво ҳам надораду ғам ҳам намехӯрад! Бараъкс, баъзе дӯстону бародарон хостанд аз ин ҳолат манфиатҷӯӣ кунанд.

— Гап сари он аст, ки ӯ аз соҳиби хонае, ки он ҷо чандин сол боз иқомат мекунад, қарздор аст (тамоми гонорару маошашро ба ӯ месупорад ва то ҳоло аз ӯ қарздор аст… агар гӯям, ки соҳиби он хона семичкафурӯш аст, нахандед)”, – навиштааст Акрам Сангов.

Вай аз ҷомеаи журналистӣ дархост ба амал оварда, ки мутасаддии дастгирии молиявии Сафватро ба дӯш гиранд. Ҳамчунин, вай таклиф кардааст, ки гурӯҳе аз рӯзноманигорон Сафватро ба хӯрокхӯрӣ даъват кунанд.

Аз ин пешниҳоди Акрами Санг, аллакай чанде аз ҳамкасбон дар Фейсбук бо нишони дастгирӣ шарҳ навишта ва ин таклифро мақбул донистаанд.

Худи Сафват Бурҳонов аз сӯҳбат дар ин бора худдорӣ карда, гуфт, тамоми суханҳои мехостаашро аллакай гуфтааст.

Ёдрас мешавем, Сафват Бурҳонов, рӯзноманигори маъруфи тоҷик, бо нишони эътироз аз вазъи сиёсии кишвар шурӯъ аз 6-уми июн даст ба гуруснанишинӣ задааст.

Вай дар девораи шабакаи иҷтимоии Facebook сабаби эътирози сиёсиашро шарҳ дода, бо 10 пешниҳод ба ҳукуматдорон муроҷиат кардааст. Яке аз пешниҳодҳои журналист — «иваз намудани роҳбарони дар курсиҳои давлатӣ шахшуда ва гирифтори рукуди Тоҷикистон» мебошад.

http://tojnews.tj/aksiyai-jurnalist

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *