Дирӯз 16-уми январ 4 нафар аз кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташшакил (УБОП)-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нафаре, ки худро сардори ин ниҳод ном бурдааст, кӯшиши боздошт ва интиқоли журналисти Оҷонси Итилоотии TojNews — Амруллоҳи Низомро аз идораи ин расона кардаанд.
Бинобар иттилои кормандони ОИ TojNews, «соати 9.18 дақиқаи рӯзи 16-уми январи соли 2013 аз ҷониби 4 нафар кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташшакил (УБОП)-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нафаре, ки худро сардори ин ниҳод ном бурд, кӯшиши боздошт ва интиқоли журналист Амруллоҳи Низом (Низомов Амрулло Наҷмудинович) аз ҳудуди идора сурат гирифт. Кормандони милиса дар шоҳидии ҳамкорони Амруллоҳи Низом аз вай ба шиддат талаб карданд, ки бо онҳо ба идораи УБОП равад”.
Биноба нақли Амруллоҳи Низом, ӯ пас аз ин кӯшиши кормандони УБОП эҳсоси хатар мекунад.
Саймиддин Дӯстов, муассиси OИ “TojNews» ва сармуҳаррири ҳафтаномаи сиёсии “Нигоҳ” мегӯяд: “Ин “ташриф”-и кормандони УБОП-ро мо фармоиш аз ҷониби Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи оид ба корҳои дин назди Ҳукумати Тоҷикистон дониста, асоси онро хусумати шахсии ӯ ба журналист Амруллоҳи Низом медонем.
Зеро журналист борҳо аз фаъолиятҳои ин мансабдор ва корҳои ба ном илмии ӯ, тариқи расонаҳои хабарӣ шадидан интиқод кардааст. Барои мо нофаҳмост, ки чаро маҳз УБОП?! Оё фаъолияти журналистӣ ҷинояткории муташаккил шудааст? Маълум, ки на, пас, сухан аз шиносбозии кормандони УБОП ва Холиқов меравад, ки ба ин шева мекӯшанд ба фаъолиятҳои касбии қонунан ҳифзшавандаи журналист монеъа эҷод намуда, садди роҳи матлабҳои навбатии ӯ дар бораи фаъолиятҳои Кумитаи дин гарданд.
Ба андешаи мо, ин қазия ва дар умум фаъолшавии тобеони Холиқов ҳамчунин ба чопи мақолаи “Ҷарима барои намоз” (Нигоҳ, № аз 16-уми январи соли 2012) рабт дорад, ки аз аввалин таҷрибаи ҷарима кардан барои намоз гузоштан ҳикоя карда, на ба Амруллоҳи Низом, балки ба ҳамкорони ӯ тааллуқ дорад.”
Амруллоҳи Низом, бо ариза барои таҳқиқи ин қазия ба прокуратураи шаҳри Душанбе, имрӯз 17-уми январ муроҷиат кардааст.
Дар Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташшакил Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон қазияро шарҳ додан нахостанд.
Ҳамчунин барои таҳқиқи қазияи мазкур, роҳбарияти ОИ “TojNews” ба Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон, НАНСМИТ расман муроҷиат кардааст.
Дар Анҷумани расонаҳои мустақил мегӯянд, -қазияро мавриди омӯзиш қарор доданд ва рӯзҳои наздик ба таҳқиқи он шуруъ хоҳанд кард.
http://www.tojnews.org/kushishi-bozdoshti-khabarnigori-tojnews