Париж, 6 август
Ба Бег Зуҳуров, Директори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷаноби мӯҳтарам Зуҳуров,
Созмони байналмилалии Хабарнигорони бидуни марз ба ҳайси муҳофизи манофеи озодии иттилоот ва шарики он – Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) ба Шумо хабар медиҳанд, ки дар мавриди ниятҳои Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсис додани гурӯҳи нозирон барои мониторинги маводи интернет ва муоинаи сомонаҳои интернетии мазмуни «таҳқир ва тӯҳматдошта» изҳори ташвиш менамоянд.
Моҳи гузашта Шумо ба журналистон дар бораи нақшаҳоятон дар бораи таъсиси «созмони шаҳрвандие» хабар додед, ки он бояд ба мониторинги маводи чопии шабакаи интернет ва муоинаи сомонаҳои интернетии дорои мазмуни «таҳқир ва тӯҳматдошта» машғул гардад.
Ҳамчунин хабар дода шуд, ки гурӯҳи ихтиёриёне, ки ба ҳайати он мутахассисони баландихтисоси соҳаи технологияҳои иттилоотӣ – намояндагони созмонҳои маҳаллии таъминкунандаи хизматҳои интернетӣ мебошанд, шомил гашта, он дар Вазорати адлия сабти ном шуда, ба масъалаҳои «муайян намудани мазмуни тӯҳматдошта» масъул мегардад.
Мо аз он дар ташвишем, ки низоми мазкури назорат метавонад боиси пурра қатъ гаштани маводи чопии интернетӣ, инчунин қатъ гаштани дастрасӣ ба сомонаҳои интернетӣ гардад. Мо ба масъаи ҷазо додан барои тӯҳмат розӣ ҳастем, вале чунин корҳо бояд дар судҳо анҷом дода шаванд, зеро дар суд даъвогарон ва ҷавобгарон барои аниқ намудани ҳақиқат имконият доранд.
Мо қайд намудем, ки солҳои охир хадамоти алоқаи назди Ҳукумат ба таври пайваста сомонаҳои интернетии созмонҳои иттилоотиро таъқиб намуда, ба маҳдуд гаштани на танҳо дастрасӣ ба маводи мазмуни «тӯҳматдошта», инчунин дар тӯли ҳафтаҳо пурраи қатъ шудани фаъолияти сомонаҳо боис мегардад.
Моҳи марти соли ҷорӣ ба интернет провайдерони маҳаллӣ амр доданд, ки дастрасӣ ба як қатор сомонаҳо, аз ҷумла Centrasia.ru, Ria Novosti ва Lenta.ru қатъ карда шавад.
Ҳамагӣ чанд рӯз қабл дар тӯли ду ҳафтаи моҳи охир дастрасӣ ба сомонаи интернетии оҷонсии маъруфи иттилоотии «Азия-Плюс» маҳдуд карда шуд. Ин ҳолат ба маводе робита дошт, ки дар онҳо моҷарои байни нерӯҳои низомии ҳукумат ва ошубгарони Қӯҳистони Бадахшон баррасӣ мегардиданд. Вақте ба хадамоти Шумо барои пайдо кардани шарҳи воқеа муроҷиат намуданд, Шумо сабаби маҳдуд намудани дастрасӣ ба сомонаҳоро ба масоили техникӣ ё дорои мазмуни порнографӣ ё экстремистӣ доштани онҳо ишора намудед.
Сабаби мушаххас набудани мафҳумҳои «таҳқир» ва «тӯҳмат» моро водор месозад, ки дар бораи хатари тафсири мухталифи онҳо андеша кунем. Мо хавф дорем, ки дастрасӣ ба сомонаҳои интернетии оҷонсиҳои маъруфтарини мустақили иттилоотӣ бо сабаби дар мавзӯъҳои муҳими сиёсӣ ё масъалаҳои дигари маҳрамона ба табъ расондани мақолаҳои баҳсталаб дубора баста мешаванд. Ҳамин ҷиҳат ба дастрасии мардуми Тоҷикистон ба иттилооти аҳамияти иҷтимоидошта монеа мегардад.
Мо бори дигар Шуморо дар бораи хулосаҳои пешниҳоднамудаи маърӯзачии махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили озодии сухан ва баёни ақида Франк Ла Ру огоҳ намуданием, ки ӯ дар бораи «кӯшиши аз ҳад зиёди назорат намудани фаъолияти истифодабарандагони шабакаи интернет, инчунин мазмуни мукотиба дар шабакаи мазкурро бе пешниҳоди кафолати кофӣ ба он, ки чунин назорат бидуни ғараз анҷом дода мешавад» изҳори ташвиш намуда буд.
Дар анҷом мо мехостем, ки Шумо чанд масъаларо шарҳ медодед:
• Ихтиёриён (волонтерҳо) мониторинги сомонаҳои интернетиро бо кадом шева анҷом медиҳанд?
• Дар масъалаи то кадом андоза мазмуни таҳқир ё тӯҳмат доштани мавод кӣ қарор қабул мекунад ва меъёрҳои қабули чунин қарор кадомҳоянд?
• Баъд аз он, ки мазмуни маводи чопиро таҳқиркунанда ё тӯҳматдошта «эълон» кунанд, барои аз байн бурдани маводи чопӣ кадом тадбирҳо андешида мешаванд? Муаллифон ва муҳаррирони маводро ба табърасонда дар бораи воқеаи мазкур чӣ тавр огоҳ карда мешаванд ва, агар мавод аз сомона ба зудӣ гирифта нашавад, нисбат ба онҳо кадом чораҳо андешида мешаванд?
• Дар ҳолатҳое, ки супориши ҳукумат иҷро нагашта, мавод аз саҳифаи сомона гирифта нашавад барои роҳ надодан ба сӯистифода аз ҳолати мазкур кадом тадбирҳо андешида мешаванд?
Ба андешаи мо, назорати сомонаҳои интернетӣ хавф дошта, метавонад натиҷаҳои баръакс ба бор орад. Хабарнигорони бидуни марз аз Шумо даъват мекунад, ки нақшаи мазкуратонро, ки нақзи озодии иттилоот аст, дигарбора баррасӣ намоед.
[b]Оливе Базил,
Котиби генералии Хабарнигорони бидуни марз
Нуриддин Қаршибоев,
Раиси АМВАОМТ[/b]
Источник: