[b]Имрӯз, 10 декабри соли 2012, рӯзи ҳуқуқи инсон ҷашн гирифта мешавад. Ҳимояи ҳуқуқи инсон, демократия ва волоияти қонун мавзӯъҳои умумиянд, ки дар тамоми фаъолияти сиёсати хориҷиамон мавҷуданд.[/b]
Дар замони ҳозира, соли рафтаистодаро ба ёд оварда, натоиҷи фаъолияти самараноки ИА-ро дар соҳаи ҳуқуқи инсон ҷамъбаст менамоем. ИА дурнамои ҳуқуқи инсонро бо мақсади баланд бардоштани самаранокӣ ва мутобиқати сиёсати ИА оид ба ҳуқуқи инсон дар доираи тамоми фаъолияти худ қабул кард. Бори нахустин аст, ки Вакили махсуси ИА оид ба масоили ҳуқуқи инсон (ҷаноб Ставрос Ламбринидис), бо мақсади мусоидати ҳуқуқи инсон тариқи муколама бо намояндагони давлатҳои рӯ ба тарақӣ, ва инчунин ташкилотҳои байналмилаливу минтақавӣ, таъин карда шуд. ИА ҳамчунин ҷоизаи сулҳи Нобел дар октябри соли 2012 ба аломати эътирофи талошҳояш дар соҳаи оштии баъдиҷангӣ, демократия ва дастгирии ҳуқуқи инсон, ки ба вусъат додани минтақаи сулҳу субот дар қитъа мусоидат намуд, сазовор шуд. Мантиқист, ки тақдими ин ҷоизаи барҷаста ба рӯзи баҷашнгирии ҳуқуқи инсон рост меояд.
Соли ҷорӣ мавзӯи Рӯзи ҳуқуқи инсон ин ҳамроҳ шудан ба ҳаёти ҷамъиятӣ ва додани ҳуқуқи иштирок дар он мебошад. Мавзӯи мазкур махсусан муҳим аст дар партави раванди гузариш ба демократия, ки мо шоҳиди онро дар солҳои охир мебошем. Дар баъзе аз давлатҳои ҳамсояи ИА, ба мисли Тунис, Ливия ва Миср интихоботи демократии соли гузашта бо мувафаққият ташкил ва гузаронда кардашуда ба бисьёре аз шаҳрвандон нахустин бор овоздиҳии кушод ва иштирок дар ҳаллу фасли масалаҳое, ки ба ояндаи онҳо алоқаманданд, имконият дод. Чунин рағбат ба демократӣ кунондани ҷамъият инчунин дар дигар манотиқ ошкор аст.
Баъд аз даҳсолаҳои чазоҳои дохилӣ, дар Бирма/Мянма билохира тағьироти пуртаъсир рӯй медиҳад. Дар Сомали, мо қабули Конституцияи навро писандидем ва интихобот дар Серра Леоне чанде пеш рӯйдода дар вазъияти осоишта баргузор гардид.
Аммо дар пеш кори зиёде истодааст, барои дастгирии онҳое, ки баҳри тарафдории арзишҳои асоснок ва ба умеди рӯзҳои нек барои худ ва насли оянда ҳаёти худро ба хатар андохтаанд. Баргузории интихобот дар роҳи демократияи устувортар шуда, ки дар асоси ӯ тақвияти ҳуқуқи инсон имконпазир мебошад, фаққат аввалин қадам шумурда мешаваду халос. Ҳуқуқҳо дар ҷамъият бояд тавассути қонун, ва инчунин тариқи таҷрибаи ҳаррӯза, мустаҳкам карда шаванд. ИА хуб дарк мекунад, ки ҳукуматҳои гуногун барои таҳкими маҳдудиятҳо болои фаъолияти қонунии ташкилотҳои ғайридавлатӣ саъю кушиши навро андешидаанд — махсусан, аммо на танҳо болои фаъолияти ононе, ки маблағро аз хориҷа дарьёфт мекунанд. ИА саршори эҳсоси ҷасорат аст, ки дар оянда ҳам барои кори муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ кӯмак расонад. Бо чунин мақсад, Фонди Аврупоӣ барои демократия, ҳамчун мисоли изҳори махсуси тарафдории ИА баҳри демократия дар Минтақа ва берун аз он, таъсис ёфт.
Мо боварӣ дорем, ки ҳар як шахс дар риояи ҳуқуқи худ дар иштироки баробар озод бошад. Занон ва ҷавонон дар ҷунбишҳои демократӣ мавқеи муҳимтарин доштанд ва сарчашмаи илҳом барои мардумон дар саросари ҷаҳон буданд, ки мо шоҳиди он дар давоми соли ҷорӣ будем. Шахсони маъюб, мисли пешина, дар вақти истифода бурдани ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ ба монеаҳо дучор мешаванд, ва дар хусуси онҳо чора андешидан лозим аст то ин, ки монеаҳои мазкур бартараф карда шаванд. ИА кӯшиш ба харҷ медиҳад, то ин ки ҳамкорӣ бо ҳукуматҳо дар саросари ҷаҳон тавассути ташкилотҳои бисерҷониба ва байналмилалӣ дар рӯҳи мушорикати аслӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, барои дастгирии давлатҳои демократии навтаъсис ва андешидани чорабиниҳои муносиб бо мақсади он, ки ҳуқуқи ҳамроҳ шудан ба ҳаёти ҷамъиятӣ ва иштирок дар он барои ҳар кадом шахс амри воқеӣ гардад.
Источник: Press and Information Officer, Delegation of the European Union to Tajikistan