ш.Душанбе, 24 июли соли 2012
Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (ИЖТ), Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ), Медиа-Алянси Тоҷикистон, Шўрои ВАО-и Тоҷикистон, Созмони ҷамъиятии «Индем» ва ТҶ «Ориёнмедиа» аз ҳамаи васоити ахбори омма ва рўзноманигорони кишвар даъват менамоянд, ки дар инъикос ва арзёбӣ намудани масоили марбут ба амалиёти низомии сохторҳои қудратӣ дар маркази вилояти Кўҳистони Бадахшон — шаҳри Хоруғ ниҳоят эҳтиёткор ва нозукбин буда, аз такя ба ҳар гуна овозаву хабарҳои беасос ва низоъангез дар ин маврид канорагирӣ кунанд. Зеро дар чунин авзои ҳассос масъулияти рўзноманигор ҷиҳати пахши хабари воқеъбинона ва ғайриэҳсосӣ ба карат афзуда, сухани насанҷидаву бедалел боиси афзудани нофаҳмию овозаҳои беасос дар ҷомеа шуда метавонад.
Ҳамзамон созмонҳои журналистии мамлакат аз масдуд шудани сомонаи интернетии «Азия плюс» изҳори нигаронӣ намуда, ин амали носавоб ва кўтоҳандешонаро аз ҷониби Хадамоти алоқа нақзи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандони кишвар дар дастрасӣ ба иттилоот маҳсуб медонанд ва умедворанд, ки қазияи мазкур ҳарчи зудтар ҳалли қонунии худро меёбад. Созмонҳои рўзноманигорӣ ҳамчунин аз он изҳори ташвиш доранд, ки дар баъзе сомона ва блогҳои интернетӣ ба ҳаводиси ахири Бадахшон тобиши сиёсиву динӣ дода шуда, дар ин миён баҳсҳои мазҳабиву маҳалгароӣ сар мезананд. Тоҷикистон Ватани ҳар яки мост ва Бадахшон ҷузъи ҷудонопазири ин Ватан аст. Аз ин рў истифодаи забони хусумат ва низоъангез дар ин мавриди мусибатбор ҳаргиз ҷоиз набуда, он метавонад боиси ташаннуҷи ҷамъиятӣ гардад.
Мо ба ҳуқуқи мақомоти босалоҳият дар маҳдуд намудани истифодаи иттилооти махфӣ арҷ гузошта, ҳамзамон аз мақомоти КДАМ, ВКД ва Прокуратураи генералӣ тақозо мекунем, ки бо роҳи ташкили як маркази матбуоти муштарак ба воситаҳои ахбори оммаи ватанию хориҷӣ аз ҷараёни амалиёти низомӣ дар Кўҳистони Бадахшон мунтазам иттилооти расмӣ пешниход намоянд.
Дар ин лаҳзаи ҳассос аз масъулини мақомоти қудратӣ ва ҳамкасбони гиромӣ эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки назокати сиёсӣ, сабру таҳаммулпазирӣ зоҳир намуда, барои ҳифзи оромиву тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини волоияти қонун мусоидат намоянд.
[b]Акбаралӣ Сатторов, раиси ИЖТ,
Нуриддин Қаршибоев, раиси АМВАОМТ,
Хуршед Ниёзов, раиси Медиа Алянси Тоҷикистон,
Зинатулло Исмоилов, раиси Шўрои ВАО-и Тоҷикистон,
Саймуддин Дўстов, раиси ТҶ «Индем»,
Рустами Ҷонӣ, директори кулли «Ориён-медиа».[/b]
Источник: