Шӯрои сиёсии ҲНИТ ҳодисаи сӯиқасд ба ҷони узви Раёсати Олии ҳизб ва сармуҳаррири ҳафтаномаи «Наҷот» Ҳикматулло Сайфуллозодаро шадидан маҳкум намуда, онро як амали тарҳрезишуда алайҳи ҲНИТ ва шахсиятҳои он меҳисобад. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки ин амали ноҷавонмардона идомаи фишорҳо ва фазосозиҳоест, ки вақтҳои ахир алайҳи ҲНИТ аз тарафи доираҳои муайян сурат мегирад ва барои эҷоди тарсу ваҳм дар байни аъзо, тарафдорон ва ҷомеаи кишвар равона шудааст.
«Тоҷикистон пас аз сулҳи ваҳдатофарин муддате дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва муколамаи солими сиёсиву фикрӣ қарор дошт, ки боиси рушди нисбии иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар ва болоравии обрӯву ҷойгоҳи миллат гашта буд. Вале солҳои ахир каҷравиҳо дар ин раванд ва дур шудан аз арзишҳои тақдирсози ваҳдати миллӣ эҳсос мегардад, ки аз тарафи коршиносон ва аҳли ҷомеа қаблан ҳам таъкид шуда буд. Арзишҳое мисли мардумсолорӣ, гуногунандешӣ, озодии виҷдон ва матбуот батадриҷ заиф гашта, ҷои онро таҳкими усулҳои авторитарии идораи давлат, фасоди моливу идорӣ, поймолшавии ҳуқуқҳои диниву сиёсии шаҳрвандон ва нодида гирифтани ниёзу хостаҳои мардум ишғол менамояд. Ин ҳолат наметавонад нерӯҳои солими кишварро бетараф гузорад ва табиист, ки аз тарафи ҳизбҳои сиёсӣ, васоити ахбори омма ва равшанфикрон мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор мегирад. Ҷои таассуф аст, ки баъзе доираҳо ба ҷои ислоҳи вазъ ва бартараф кардани камбудиҳо даст ба душмантарошӣ ва фазосозиҳои носолим алайҳи дигарандешон мезананд. Ба ҷои муколама, ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ шеваҳои номатлуби муносибат бо ҳизбҳои сиёсии мухолиф, рӯзномаҳои ғайридавлатӣ ва шахсиятҳои мустақил пеш гирифта мешавад, ки ин ҳама заминаро барои ворид шудани кишвар ба як марҳалаи носолими сиёсӣ фароҳам месозад. ҲНИТ қаблан ҳам аз инҳироф дар раванди муколамаи миллӣ, натиҷагириҳои яктарафаи сулҳу ваҳдат ва дур шудан аз арзишҳои он изҳори нигаронӣ намуда буд. Бахусус, пас аз интихоботҳои парлумонии соли 2010 муносибат бо ҳизбҳои сиёсӣ комилан аз чорчӯби рақобати солими сиёсӣ берун рафт, ки нишонаҳои он дар мавқеъгириҳои расмӣ ва ғайрирасмии намояндагони мақомоти давлатӣ зоҳир мегарданд. ҲНИТ масъулияти маънавии сӯиқасд алайҳи намояндаи худро қисман ба дӯши доираҳое мегузорад, ки бо назарҳо, таҳлилҳо ва ишораҳои ғаразнок ва сиёсатзадаи худ заминаро барои содир намудани чунин ҷиноят фароҳам сохтанд»,- омадааст дар изҳорот.
Шӯрои сиёсии ҲНИТ таъкид мекунад, ки истифодаи хушунат ва даҳшатафканӣ дар рақобатҳои сиёсӣ дар ҳама ҳолат номақбул буда, истифода аз чунин василаҳои ғайриқонунӣ ва ғайриахлоқӣ алайҳи сиёсатмадорон, рӯзноманигорон ва фаъолони сиёсӣ на танҳо ҷиноят, балки хатари бузурге ба амнияти миллӣ ва суботи ҷомеа маҳсуб мешавад.
Шӯрои Сиёсии ҲНИТ дар баробари шадидан маҳкум кардани ин ҳодиса аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қотеъона талаб намудааст, ки фармоишгарон ва иҷрокунандагони ин ҷиноятро ҳарчи зудтар ошкор намояд ва ба ҷавобгарӣ кашад.
Ҳамзамон, Шӯро аз мақомоти давлатии кишвар, ҳизбҳои сиёсӣ, воситаҳои ахбори омма, созмонҳои ғайридавлатӣ ва шаҳрвандон даъват ба амал овардааст, ки барои эҳёи фарҳанги муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ дар фазои сиёсии кишвар талош намоянд.
Мушкинисо АСОЗОДА
Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=11402&Itemid=30