Изҳороти СҶ “ИНДЕМ” оиди ғайриқонунӣ маҳдуд шудани дастрасӣ ба пойгоҳи интернетии Тоҷнюс

Раёсати Созмони ҷамъиятии “ИНДЕМ” бо камоли таассуф изҳор медорад, ки шурӯъ аз 8-уми сентябр бо супориши Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон дастрасӣ ба пойгоҳи интернетии оҷонси иттилоотии TojNews дар бахши тоҷикии Интернет ё Тоҷнет маҳдуд гардид. Бинобар, иттилоъи ба мо расида, ин супориш, аввал тариқи СМС-паём ва сипас бо мактуби расмии роҳбари Хадамоти алоқа, тадриҷан, ба ширкатҳои дастраскунандаи Интернет ва алоқаи мобилӣ расонида шудааст.

Мутаасифона, Интернет-провайдерҳо ва ширкатҳои алоқаи мобилӣ, бархилофи талаботи қонунгузории ҷории миллию байналмилалӣ, инчунин, фарҳанги муомилоти корӣ, ки хоси ширкатҳои баобрӯ ва оммавӣ мебошад, аз ин амал ғайриқонунӣ дастгирӣ намуда, домени tojnews.org-ро бастанд. Талошҳои даҳрӯзаи мо барои дастрас кардани шарҳи расмии ин амал натиҷа надоданд.

Мо, иқдоми мазкурро хилофи талаботи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои соҳавӣ дониста, онро поймол намудани ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон барои дастрасӣ ба иттилооти мустақил, озодии баён ва гуногунандешӣ, эҷоди монеа барои амалӣ намудани фаъолиятҳои касбии журналистӣ ва дар кулл хатар ба амнияти иттилотии кишвар арзёбӣ менамоем.

Дар ҳоле, ки ба эътирофи умум, TojNews дар фаъолиятҳои худ, меъёрҳои мустақилият аз ҳукумат, аҳзобу шахсиятҳои сиёсӣ, гурӯҳҳои моливу саноатӣ, рекломдиҳандагони бузург ва донорҳои хориҷиву байналмиллалиро риоя намуда, дар Тоҷнет ё бахши тоҷикии Интернет бо расонаҳои қавии хориҷӣ ва ғайримиллӣ рақобат мекунад, мо, ин амали ҳадафмандонаро кӯшиши тела додани расонаҳои мо ба оғӯши мухолифони ҳукумати феълӣ дар арафаи интихоботи президенти Тоҷикистон медонем.

Мо мутмаинем, ки фаъолиятҳои мо дар доираи қонунгузорӣ ва ахлоқи касбӣ пиёда шуда, ба ҳифзи манфиатҳои умумимиллӣ дар муҳити иттилоотӣ равона шудаанд.

Дар баробари иттилоърасонӣ, мо, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва вусъати равандҳои демократӣ дар кишварро аз арзишҳои худ дониста, дар соли ҷорӣ, рисолати худро ба ҳайси як ниҳоди ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, дар ташаккули фарҳанги нави муносибати мақомот бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шаклдиҳии фарҳанги муошират дар форумҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ мебинем.

Маҳз ин арзишҳо моро водор месозанд, ки аз мақомоти зирабти ҷумҳурӣ шарҳи расмӣ ва баҳои ҳуқуқии ин иқдомро талаб намоем. Мо мутманем, ки чизе болотар аз волоияти қонун буда наметавонад.

Мо интизор дорем, ки роҳбарияти Хадомати алоқа, интернет-провайдерҳо ва ширкатҳои мобилӣ ин амали бешарафонаашонро барои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон расман шарҳ хоҳанд дод.

Ҳамчунин, мо изҳор медорем, ки ба дастгирии маънавӣ ва ҳуқуқии ниҳодҳои ҳукуматӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ниёз дорем.

Источник: Индем.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *