Изҳороти муштараки созмонҳои журналистии Тоҷикистон

ш. Душанбе, 3 августи соли 2012

Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (ИЖТ), Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ), Медиа_Алянси Тоҷикистон ва Шӯрои ВАО Тоҷикистон амалҳои Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба маҳдуд кардани дастрасӣ ба манбаъҳои миллӣ ва байналмилии иттилоотро маҳкум карда, роҳбарияти мақоми мазкури ваколатдори давлатиро ба хотима бахшидан ба худсарӣ дар муҳити иттилоотии ҷумҳурӣ даъват менамоянд.

Дар як моҳи охир бори дуюм аст, ки Хадамоти алоқа дастрасӣ ба сомонаи маъруфтарин оҷонсии иттилоотии «Азия-Плюс» (www.news.tj)-ро маҳдуд месозад. Айни ҳол дастрасӣ ба сомонаи ОИР «Новости», YouTube, Lenta.ru ва Vesti.ru, инчунин ду манбаи дигар — www.ferghananews.com ва www.centrasia.ru, ки асосан дар бораи воқеаҳои минтақаи Осиёи Марказӣ иттилоъ медиҳанд, баста шудаанд.

Маҳдудсозии дастрасӣ ба сомонаҳои мушаххас аз тарфи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, ки дар натиҷаи он ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба иттилоот поймол мегардад, ба як навъ анъана табдил ёфтааст. Дар тӯли моҳҳои охири соли 2012 Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҶТ оид ба маҳдуд намудани дастрасӣ ба 15 манбаи иттилоотӣ амр додааст. Мавқеи ширкатҳои дастраскунандаи интернет ҳам ташвишовар аст, зеро онҳо ба Хадамоти алоқа пайравӣ намуда, талаботи ғайриқонунии мақомоти ваколатдори мазкурро иҷро карда, худашон иштирокчии нақзи ҳуқуқи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ мегарданд.

Иқдоми мазкури Хадамоти алоқа мавриди интиқоди созмонҳои ватанӣ ва байналмилалии журналистон ва ҳимояи ҳуқуқ қарор гирифта, оид ба танзимсозии Интернет тадбирҳои мушаххас тавсия шудаанд. Ба андешаи мо, аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ рӯирост эҳтиром нагаштани меъёрҳои байналмилалӣ ва миллии ҳуқуқ ба иттилоот ба эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири манфӣ дорад. Ин ҳолат инчунин эътимоди мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои молиявӣ ба таҳаввулоти демократии ба роҳ андохаи роҳбарияти мамлакатро ҳам коҳиш медиҳад.

Ҳанӯз моҳи майи соли ҷорӣ созмонҳои журналистии Тоҷикистон ба мақомоти марбута, аз ҷумла ба Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи зарурати таҳия намудани тартиби боз доштани фаъолияти сомонаҳо, табдирҳои то судӣ, инчунин бастани сомонаҳо бо тартиби судӣ тавсияҳо пешниҳод карда буданд. Вале пешниҳоди мазкур ба эътибор гирифта нашуда, амалҳои ғайриқонунӣ дар робита баВАО ва дигар манбаъҳои иттилоотӣ то њол идома доранд. Дар вазъи баамаломада мо бори дигар тарафҳои манфиатдорро даъват менамоем, ки масъалаҳоро дар доираи қонун, бо назардошти ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба иттилоот ҳаллу фасл намоянд. Мо инчунин дар бораи ҳимояи манфиатҳояи ВАО омодаем ба онҳо кӯмаки ҳуқуқӣ расонда, маслиҳат диҳем.

[b]Акбаралӣ САТТОРОВ, раиси ИЖТ,

Нуриддин ҚАРШИБОЕВ, раиси АМВАОМТ,

Хуршед НИЁЗОВ, Котиби генералии Медиа Алянси Тоҷикистон,

Зинатулло ИСМОИЛОВ, раиси Шӯрои ВАО председатель Совета по СМИ Тоҷикистон[/b]

Источник:

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *