Ҳизби наҳзати исломӣ хостори таъсиси телевизиони худ аст

[b]Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ҳуҷҷат барои ташкили як телевизион ва радиои ҳизбиро ба мақомоти тоҷик супурдааст.[/b]

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи 19-уми декабр эълом кард, ки ҳуҷҷат ё санади зарурӣ барои ташкили як телевизион ва радиои ҳизбиро ба Кумитаи давлатии радио ва телевизиони Тоҷикистон пешниҳод кардааст.

Воҳидхон Қосиддинов, раҳбари дастгоҳи ҲНИТ, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо рӯзи сешанбеи 18-уми декабр ариза ва дигар ҳуҷҷатҳоро барои сабтиноми телевизиони ҳизбӣ дар ихтиёри Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон гузоштаанд. Ба қавли Қосиддинов, ӯ дар Кумитаи давлатии радио ва телевизони ҷумҳурӣ бо муовини аввали раҳбари ин кумита — Саидалии Сиддиқ мулоқот ва дар бораи масъалаи дарёфти иҷозатнома суҳбат намудааст.

Раҳбари дастгоҳи ҲНИТ меафзояд, онҳо дар канори студияи телевизион студияи радиои ҳизбиро низ роҳандозӣ хоҳанд кард. Ба гуфтаи Воҳидхон Қосиддинов, ҲНИТ барои таъсиси студияи радио ва телевизион тамоми тамоми васоили фаннӣ (техникӣ)-ро дорад ва дар сурати дарёфти иҷозатномаи Комиссияи Кумитаи радио ва телевизиони ҷумҳурӣ, ин студияҳо ба фаъолият шуруъ хоҳанд кард.

Ин талоши нахустини як ҳизби сиёсӣ ва он ҳам мухолиф барои ташкили телевизион ва радиои ҳизбист. Дар чанд соли охир Комиссияи муҷаввиздиҳии Кумитаи радио ва телевизиони ҷумҳурӣ танҳо ба телевизиони СМТ — Симои мустақили Тоҷикистон дар пойтахти кишвар иҷозатнома додааст. Созмонҳои хабарнигорӣ мегӯянд, ҳарчанд барои дарёфти муҷаввиз барои фаъолияти телевизиони мустақил бисёриҳо талош доранд, вале ҳосиле надоштаанд.

Аммо дар тӯли се соли охир ин кумита барои чанд радиои мустақил, аз ҷумла дар минтақаҳои кишвар, иҷозатнома додааст, ки онҳо бештар барномаҳои фарҳангӣ пешниҳод мекунанд. Дар Тоҷикистон ҳамагӣ чаҳор шабакаи телевизонии ҷумҳуриявӣ фаъол аст, ки ҳамаи онҳо марбут ба Кумитаи радио ва телевизони Тоҷикистонанд. Ин шабакаҳо бештар фаъолияти ҳукумат ва раисиҷумҳурро ба намоиш мегузоранд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/islamic-revival-party-of-tajikistan-and-tv/24802756.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *